Халқи тоҷик аз азал хислати хуби ҳамсоядӯстӣ дорад. Дар ин хусус аз гузаштагонамон мақолҳои зиёде мондааст, ки мегўянд, «Гилем фурӯшӣ, ба ҳамсоя фурӯш, ки дар як кунҷаш худат ҳам мешинӣ», «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ», «Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар»…
Имрӯз рафтори ҳамсояи ҳаммарзи қирғиз моро ба ҳайрат оварда, ки гоҳ дар Воруху гоҳ дар Овчиқалъача ба муноқиша меоянд. Солҳои сол ҳампаҳлу зиста, аз оби як рӯд нӯшида, магар роҳи муросову ҳалли осоиштаи мушкилотро ёфтан имкон надорад? Бадхоҳони ин ду миллати ба ҳам бародар киҳоянд? Аз ин даргириҳо чӣ баҳра мегиранд?
Эй мардумони ҳар ду ҷониб! Чашми ақлро бедор гиред. Бобоҳои мо асрҳо дар ҳамҷаворӣ зистаанд! Ба доми дасисабозон наафтед. Мабод, ки оянда фарзандони мо аз воқеаҳои ин рӯзҳо ба нанг оянд. Барои онҳо чун гузаштагонамон дӯстии байниҳамдигариро бояд пойдор гузорем. Бас аст талошҳои беҳуда. Дар сулҳу субот зистан файзи нотакрор дорад. Нагузорем, ки ғубори ҷанг осмони софи моро тира созад.
Муниса Халифаева
сокини ҷамоати Овчӣ –Қалъачаи
Бобоҷон Ғафуров