ЧАРОҒИ “РОҒУН” МУНАВВАР БОД!

Дар остонаи Рӯзи Президент семинари илмӣ-назариявӣ тибқи иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26.10.2018с., № 05⁄5-971 ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили сазовори ифтитоҳи чархи якуми НБО-и Роғун дар мавзӯи “Саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО-и Роғун” бо ташаббуси шуъбаи илм, инноватсия ва   муносибатҳои байналхалқӣ, факултети электромеханика, кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ, кафедраи таъминоти барқ санаи 09.11.2018 бо иштироки омузгорону донишҷуёни Донишкада дар толори калон баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналхалқӣ  ДКМТ Насриддинов З.З. ба масъалаи муҳими рӯз равшанӣ бахшид.

Баромади Давлатов Муллошо, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар мавзӯи “Аҳамияти таърихии НБО-и Роғун дар рушди иқтисодии кишвар” оид ба ин сохтмони бузурги аср буд.

 

Баромади Иброҳимов Исмоил, муаллими калони кафедраи таъминоти барқ дар мавзӯи “НБО-и Роғун – таъмингари истиқлолияти энергетикӣ, поягузори содироти нерӯи барқ ва намунаи пешқадамтарин соҳаи техникаи гидроэнергетика” фарогир буд

Баромади Ваҳҳобов Обиддин Исомаддинович, муҳандиси пешбари хадамоти эътимодият ва техникаи бехатарӣ дар мавзӯи “Роғун – ҳамкори офтоб” аз нигоҳи илмӣ ҷонбахш буд.

Дар доираи нақшаи тадбирҳо дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон силсилаи мулоқотҳо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Инчунин, бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитари-иҷтимоӣ 2-ноябри соли 2018 соати 1210 дар аудиторияи 216 мулоқоти устодони кафедраи ФГИ бо донишҷӯёни бахши 2-юми факултети электромеханика гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналхалқии донишкада Зиёмиддинов М., мудири шуъбаи иттилооти донишкада Зайниддин Орифӣ иштирок карданд.

Дар ин ҷамъомад устоди кафедра Тошматов З.А. дар мавзӯи “Конститутсия – бахтномаи миллат” маъруза намуда таъкид кард, ки:   “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст. Таъкид гардид, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналхалқии донишкада Зиёмиддинов М., мудири шуъбаи иттилооти донишкада Зайниддин Орифӣ, мудири кафедраи ФГИ Мирзоаҳмедов М.М., устоди кафедра Саидов А. доир ба аҳамияти таърихии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар паҳлӯҳои ин санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони кулли халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ қабул намуданд. Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ҳамон рӯз, бо ташаббуси омӯзгорони кафедра дар хобгоҳи донишҷӯёни донишкада низ бо иштироки мудири шуъбаи тарбияи донишкада Азизов Қ.М., мудири шуъбаи иттилооти донишкада Зайниддин Орифӣ мулоқот бо донишҷӯён ба муносибати Рӯзи Президент баргузор гардид.

 

Шуъбаи иттилоот