Истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти ватанӣ, имконият барои баромадан аз вобастагиҳои бозори берунӣ мебошад, ки ҳар қадар истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ дар кишвар зиёд гардад, ҳамон қадар афзалияти бештар дар бозор пайдо мешавад.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксарияти макотиби олии кишвар паркҳои технологӣ таъсис дода шудааст, ки барои татбиқи илм ба истеҳсолот мусоидат менамояд ва хушбахтона имрӯзҳо мо натиҷаи ин иқдомро дида истодаем.
Дар Муассисаи Парки технологии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои аввалинбор аз масолеҳи табиӣ маҳсулоти травертини навъи нав, ки ба стандарти байналмиллалӣ мутобиқ аст, истеҳсол карда шуд.
Маҳсулоти мазкур аз ҷониби аспирантон ва олимони донишкада зери роҳбарии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин омода карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ин навъи травентин аввалин маротиба бо истифода аз имкониятҳои ватанӣ истеҳсол мешавад ва минбаъд, сокинони кишвар метавонанд, аз ин навъ маҳсулот барои ороиши бино ва ҳамчунин намуди зоҳирии муассисаву иқоматгоҳҳо бо шакли дилхоҳ ва намудҳои мухталиф истифода намоянд.
Травертини истеҳсолнамудаи донишкада аз ҳама озмоишҳо гузаронида шудааст ва ба иқлими минтақа мутобиқ гардонида шудааст, ки ба сардиву гармо ва сармои мавсимӣ тобовар мебошаду ба ин кафолат дода мешавад.
Дар шиносномаи маҳсулоти истеҳсолгардида навишта шудааст, ки 30 сол кафолат дода мешавад, ки ин боз ҳам афзалияти бештар дорад аз маҳсулоти хориҷӣ ва ҳар як фарди оқилу соҳибватанро зарур аст, то барои дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ ва иқтисоди миллӣ аз маҳсулоти ватанӣ истифода намояд.
Травертини истеҳсолкардаи олимону аспирантони донишкада комилан аз сангҳои табиӣ омода карда шудааст, ки барои истифода аз ин маҳсулот метавонанд ба ҷуз аз кишварҳои минтақа боз сокинони кишварҳои Аврупо, Канада, Ҳиндустон, Россия ва кишварҳои африқоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, чунки ба иқлими гарму сард ва сардии беш аз ҳад ва гармии зиёда аз 50 дараҷа мутобиқ гардонида шудааст, ки ин нишондиҳанда сифати баланди маҳсулоти травертини навъи ҷадидро кафолат медиҳад.
Тавре, ки дар суҳбати ихтисоси муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин иброз дошт, травертини истеҳсолгардида, аз ҳама гуна санҷишҳои пажӯҳишӣ гузаронида шудааст, ки ин кафолати иштирок дар намоишгоҳҳои байналмиллалиро ба мо медиҳад…
Истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти ватанӣ як зина имкониятҳоро чӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва чӣ аз лиҳози иҷтимоӣ зиёдтар мегардонад, ки ин барои беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум ва баровардани ниёзи ҷомеа мусоидат менамояд.
М. Сайидзода
PS:Қаблан барои омӯзиши афкори умум ва назари ҳамватанон дар бораи истеҳсоли травертини ватанӣ хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо нашр намуда будем, ки ҳамватанони азизамон хуш пазируфтанд ва ҳатто хостори харидорӣ кардан аз онро шуданд ва имрӯз расман барои Шумо ин матлабо ин ҷо гузоштем, то аз ин навгонӣ огоҳии комилтар пайдо созед!