ХУШАЧИНИ ХИРМАНИ АЙЁМ…..

Ҳангоми суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бофарҳанг ва бонангу номуси кишвар, махсусан, ҷавонон рўй оварда мегўянд, ки ин Ватанро дўст доранд, дастовардҳои онро чун гавҳараки чашм азиз донанд ва баҳри ободию пешрафти он тамоми қувваю тавони худро сарф намоянд, ҳеч гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Зимнан бояд таъкид намуд, ки ҷумҳурии азизи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳо  ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гашт ва дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун яке аз кишварҳои рушдкунанда эътироф гардид. Соли 2018 ба кор даромадани чархаи якуми НБО «Роғун», оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҳалли масоили дар тӯли беш аз бист солбавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишвари ҳамсоя- Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари расмии сарварони ин ду кишвар худ далеле равшан ба рушд ва шукуфоии кишвар мекунанд.

Аммо боиси тассуф аст, ки  дар байни мардуми баору номус ва бофарҳангу фозили кишвар нафароне низ пайдо мешаванд, ки ба қадри ин ҳама сулҳу оромӣ ва рушду комёбиҳо намерасанд ва бо ҳар роҳу восита кўшиш менамоянд, ки вазъияти мавҷударо халалдор намоянд. Муноқиша ва тирпарроние, ки шоми 13-уми январи соли ҷорӣ дар маркази шаҳри ХоруғиВМКБ рух дод, шоҳиде ба ин фикр аст.

Тибқи иттилое, ки таҳти унвони «Боз як тирпарронӣ дар Хоруғ» дар гурўҳи PAMIR NEWS дар шабакаи Фейбук нашр шуд, шоми 13-уми январ гурўҳе аз ҷавонони маҳаллӣ дар маркази шаҳри Хоруғ ба мошини кормандони ВКД роҳ намедиҳанд. Дар натиҷа, баъди баҳси зиёд байни онҳо занонзанӣ оғоз мешавад ва ниҳоят як сокини маҳаллӣ захмӣ мешавад. Ин нахустин тирпарронӣ дар шаҳри Хоруғ нест ва, бидуни тардид, сабабгори ин ҳама муноқишаҳо нафароне мебошанд, ки оромии ин макон ва кишварро намехоханд.

Аз хирмани айёми имруза  хуша чиндан ҳам сипосгузорист ба арзишхои садокат. Бубинед, холо дар кишвари мо чи кадар корхои ободони вусъати тоза мегирад. Ба чунин андешаҳои ботил эътино надода, бояд тадбирҳои муфид андешем, ки дар Ватан сулху субот мустаҳкам бошад.

Нозир Норматов,

муаллими кафедраи геология ва корҳои нафту гази ДКМТ