Тан бояд дод, ки дар мо хурофот дар сатҳи баланд ба чашм мехурад. Вақте аз ҷузъиёти хурофот байни мардум сухан мегӯянд, ҳам механдӣ ва ҳам мегирйӣ. Хонандаи арҷманд низ инро медонад, аммо инҷо онро дар умум шарҳ намедиҳем, балки махсус.
Чун Коронавирус омад, баробари он хурофот авҷ гирифт, гӯё ин ки хурофот соҳибашро ёфт. Яъне дар ин маврид хурофот дар хидмати Коронавирус аст ва доираи гирифторону шаҳидонашро зиёд хоҳад кард.
Аз марг гурез нест. Ин сухани ҳақ аст, аммо ин шиори хурофотӣ шуда наметавонад.
Худ вожаи “аҷал” вақт аст. Вақте мегӯянд, то аҷал наояд – намирӣ, маънои онро дорад, ки вақту соати марг фаро расад бимирӣ.
Яъне агар бе ниқобу фосила, воситаҳои муҳофизатӣ, худро дар канор нагирӣ ва ба анбӯҳи одамон занӣ, саломи дастӣ, баоғушкашӣ ва дар муомилаву мулоқот бошӣ, онгоҳ бояд донист, ки аҷалро аҷала кардаӣ, яъне мурдан яқин хоҳад шуд.
Шахсоне кӣ беэҳтиётӣ мекунанд ва дар анбӯҳи одамон худро мезананд ва тавсияҳои зиддивирусиро риоя намекунанд ва дар ҷавоб ба эроди шахсони масъулиятшинос чунин мегӯянд, “аз аҷал гурез нест”, “хоҳӣ нахоҳӣ рӯзе мемирӣ”, “насиб акнун , насибам чизе бошад”, “дар тақдир бударо мебинӣ”, “пешонии маро касе намедонад, бошад мебинам”, “ба ин дунё дил набастаам, мурдан бошад мемирем”, “умр дароз бошад, ба ман чизе намешавад”, “аҷали ман дар дасти ҳамин вирус бошад, мемирам, набошад не” ва дигар гӯишҳо-зарбулмасалу шиорҳо доранд, бешак хурофотӣ ҳастанд. Ва ин кору ҷуръати худро аз имондории хеш медонанд.
Вақте шахсони хурофотӣ чунин шиорҳо мезананд ва дар кӯчаву раставу бозорҳо бебок мегарданд ва тасмиме барои ҳифзи худу атрофиён намегиранд, бешак ёварони Коронавирус ва ҳатто бадтар аз он ҳастанд.
Худованд дар Қуръон, мегӯяд, ки оре ба суроғи ҳар яки шумо марг хоҳад омад, аммо ҳамзамон таъкид мекунад, ки худкушӣ накунед ва барои худ маргро орзу накунед. Балки дар ҳифзи ҷони худ бошед.
поёни қисми 1
Насриддинов З.З
устоди донишкада