Душманони миллати тоҷик имрӯзҳо дар хориҷ аз кишвар зери роҳбарии М. Кабирӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ барои паст задани обрӯву мақоми миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд ва мақсаду маромашон ҳам душманӣ варзидан бар миллати тоҷик мебошад. Ҳоло наҳзатиён дар Аврупо қарор доранд ва он ҷо шабонарӯз хоб намераванду сафсата менависанд ва сафсата мегӯянд, то хиёнат ва хиёнаткориҳояшонро аз назари ҷомеа пинҳон доранд, аммо шоҳидони ҳодисаҳои мудҳиш ва хунини солҳои 90-ум зиндаанд ва ҳамаро хуб медонанд. Чӣ тавре, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ошкору равшан аз ҷиноят ва ҳаромрезиҳои наҳзатиён гуфтанд.
Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар террористӣ-экстремистӣ ва зиддиинсонӣ будани наҳзатиёнро ошкор кард. Зеро ба қатл расонидани инсон бо шеваҳои бисёр ҳам вазнин ва ваҳшиёнаро танҳо наҳзатиён раво медонанду дидаанд, ки ин албатта шеваи кори террористон мебошад.
Чизи дигаре, ки наҳзатиёнро ҳамчун террорист ва экстремист амалан исбот менамояд, ки фаъолияти зиддиинсониву зиддиилмии онҳо мебошад. Яъне наҳзатиён вақте ба куштори шаҳрвандони бегуноҳ даст заданд, дар баробари ин беҳтарин шахсиятҳои номдор, академикҳо, нависандагонро ба қатл расониданд, ки ин аз ҷаҳолати наҳзатиён гувоҳӣ медиҳад.
Муҳаммадҷон Осимӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Отахон Латифӣ ва дигарон аз чеҳраҳои машҳури таъсиргузор буданд ва ҳар замон метавонистанд тору пуди террористӣ ва хоинӣ будани фаъолияти наҳзатиёнро исбот кунанд, ки мутаасифона аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба қатл расонида шуданд. Ва ин маънои онро дорад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо фармони хоҷагони хориҷияшон мехостанд чароғи маърифатро дар кишвар нест кунанд ва теша бар решаи давлатдории миллии мо бизананд.
Ҳамин аст мақсаду маром ва ҳадафи наҳзатиёни палид, ки бояд ба таври ҳамеша аъзоёни ТТЭ ҲНИ маҳкум карда шаванд аз сайёра бардошта шаванд, то изи хиёнатҳояшон ба аҳли башар нарасад.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ