Имрўз яке аз муаммое, ки тамоми чахонро фаро гирифта аст ин зуҳуроти ихтилофҳо, номуросоӣ инчунин зухуроти номатлуби Тероризм ва Экстремизм мебошад. Тамоми мардуми сайёра имрўз кўшиш ба он медиханд, ки бар зидди ин амали номатлуб мубориза баранд. Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки бояд дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бошад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон гардидааст».
Ин мушкилотро мо танҳо бо рохи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомъеа ва бо фарҳангкунонии он метавонем пешгирӣ намоем. Чуноне, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон мегўянд:
«То он даме, ки худшиносии таьрихии миллат ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқкони оддӣ сар карда то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, ва то даме, ки манфиатҳои миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрую эбтибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайан нагардад, мо барзидди чунин проблемаҳои глобалӣ мубориза карда наметавонем ва давлати сохибихтиёрро бо тамоми чузьиёташ ташкил кардан аз имкон берун аст».
Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таъризӣ ва эҳсосибаланди худшиносӣ дошта бошад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем. Маълум аст, ки рӯз аз рӯз таҳоҷуми идеологияҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ноором гузошта таъсири манфии худро дар қишрҳои гуногуни башарият гузошта истодааст. Ин гуна ҷараён моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ватанпарстӣ, дӯст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдошти арзишҳои маънавию миллӣ бирасем ва чунин арзишҳои ба хубӣ бишносем. Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем. Танҳо ин гуна муносибат метавонад моро ба осоишу якдигарфаҳмӣ ва меҳнати бошарафу дастовардҳои беназири мардуми кишвар муваффақ гардонад.
Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақтибачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.
Ҳоҷибоев Д. Д омўзгор кафедраи Т ва ТМ