ХУДРО БОЯД АЗ ХАТАРҲО ҲИФЗ НАМОЕМ

Ҳамон гуна, ки маълум аст ҳеҷ як давлати дунё, ҳатто абарқутрадтарин давлатҳо аз хатари тероризм эмин буда наметавонанд. Бинобар ҳамин ҳам, Роҳбари давлат  дар Паёми хеш доир ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда қайд намуданд, ки “Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи тероризму ифротгроӣ ва таҳдидҳои замони муосир мо омадаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливуминтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем” (паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш. Душанбе, 22 хекабри соли 2017).

          Сарвари давлатамон  ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва эътирофшудаи асри 21 аз байни сиёсатмадорон ва сарони давлатҳои ҷаҳон аввалин шуда, аз минбарҳои баландҳи СММ на танҳо дар масъалаи об, балки дар мавриди паҳншавии хатари тероризм ва паҳншавии он ба ҷаҳон садо баланд намудаанд. Дар ниҳоят воқеаҳои Сурия, Ироқ, Яман ва Авғонистон дурустии пешбиниҳои ҳушдорсозандаи Сарвари кишварамонро исбот намуданд. Хусусан, амали терористие, ки 11-сентябри дар нерумандтарин кишвари дунё Амрико анҷом дода шуд, ҳаққонияти сухани Пешвои миллати тоҷиконро, ки  “терроризм мавз намешиносад ва миллат надорад” исбот намуд.

          Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷаҳду талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм баҳои баланд медиҳад. Аз ҷумла, дар конфронси байналмилалии зидди терроризм ва экстремизм, ки соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гардид, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар суханронии худ қайд намуд, ки “Тоҷикистон бар зидди терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиро, ки метавонист, тамоми Осиёи Марказиро мубтало кунад, гирифт”.

          Аммо бо вуҷули талошҳои зиёди давлату мақомотҳои қутратиро интизоми кишвар ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо ҳар роҳмехоҳанд, оромию осудагии кишварамонро халалдор созанд. Хусусан, ТТЭ ҲНИ аз ибтихои расидан ба ваҳадти миллӣ ва таҳкими далатдории навин пайваста қарорҳои хиёнаткоронаи худро дар қолаби “демократия” ва дину мазҳаб ҷой дода мехоҳанд, бо роҳи табаддулоти низомӣ ба сари қудрат ояд. Танҳо аз соли 1997 то соли 2015 дар қаламрави ҷумҳурӣ ТЭТ ҲНИ зиёда аз 30 амали террористиро анҷом додааст. Баъди он, ки соли 2015 бо қарори  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардид, фаъолияти худро бо дастгирии пуштибононии хориҷии худ дар хориҷи кишвар давом дода истодааст, ки ин хатари бузург бар ҷомеа мебошад.

   Азизов Қ.М

омӯзгори ДКМТ