Баргузории тазоҳуроти мухолифин дар Берлин маро водор намуд, ки қалам ба даст гирам. Чунки барои мо ҷавонон зиракии сиёсӣ басо муҳим аст. Маълум аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ худ расидан аксаран гурўҳҳои алоњида, гурўҳҳои манфиатҷуи давлатӣ ва минтаќавї ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар асри 21 ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин модди маънавї, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки ба таври зўровари ғасб намудани ҳокимият, халалдор намуданги оромии љомеа бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Дар замони муосир сиёсати давлат дар ин марњилаи пурпечутоб ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору маќомоти давлатї барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндаг таъмин карда шавад. Дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоятдараҷа бузург мебошанд. Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур Ҳукумати кишвар чораҷӯӣ карда истодааст. Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияњои бегона мегарданд.
Дар ин масъалаи муҳим, таъкид месозем, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии навросону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муќомиват ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору маќомотҳои давлатї, падару модарон ва аҳли ҷомеа корњои зиёд, ќарор дорад. Барои иљрои ин корҳои муҳим мо ањли љомеа вазифадорем то ки бартараф шавад. Ифротгарої ва хурофотпарастї сарчашмаи ҷаҳолату торикї буда, ба миллат ва мардуми тољик танњо бадбахтї меорад ва барои рушду тараќќиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватан дўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандаӣї, инчунин барои наслњои ояндаи халќамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқадасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили гурўҳҳои ифротӣ ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Сайидои Насафӣ мефармояд:
Хотире дорам ғуборолуд аз ранҷи сафар
Гирдбодам, пайкаре дар зери гард овардаам.
Дўсталиев Сарвар Тўйчимуродович
ассистенти кафедраи Таҷҳизот ва технологияи мошинсозии
Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон