ХОМШӮРБОИ ТОҶИКӢ Ё СУПИ ТУРКӢ?

Ҳасби ҳоли исломии рақами якуми Тоҷикистон моломоли як аломат аст. 
Аломати суол.

Чаро бештари сарони Наҳзат боздошт ё зиндонӣ гаштанд, аммо сарварашон не? Кӣ ё кадом сохтор ба Кабирӣ гуфт, ки тамоми бизнес ва дороиҳояшро аз кишвар бурун кашад? Чаро баъди фирор кардан Кабирӣ беш аз як сол хомӯш буд, ҳатто ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа мерафт ва суҳбатҳои маҳрамона мегузаронид? Роҳи оштӣ меҷуст ё “вазифаи хонагӣ” мегирифт? 
Ман посух ба ин пурсишҳо намеҷӯям. Барои ман бозиҳои як бозигари номуваффақ аҷоиб нест. Барои ман аҷибтар бозиҳои Кабирӣ ба рағми ман аст. Ман дӯст надорам, ки касе ё нокасе пеши ман тахтаи шоҳмот гузорад ва бидуни ризоияти ман ба бозӣ пардозад.

Ҳанӯз замоне ки Кабирӣ дар Истанбул буд, ба мӯшугурбабозӣ пардохт. Ин дафъа ӯ мехост сари оппозитсияи дар хориҷа бударо барканад ва хомшӯрбо омода кунад.

Ман аз ҳамааш огоҳ будам. Аммо барои мани кунҷкоб аҷиб буд, ки то куҷо ин сиёсатбози новарзида ҳунари ошпазӣ дорад?