ХОИНОНИ МИЛЛАТ ХАТО МЕКУНАНД

Имрўзҳо мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Гаҳвораи ин падидаи номатлуб асосан кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон бошанд ҳам, аммо таъсири манфии он ба тамоми манотиқи олам расонида мешавад. Зеро ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ на миллат дораду на дин ва боиси аз байн рафтани суботу оромӣ гардида, ихтилофҳоро миёни гурўҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ ба вуҷуд овардааст.

Боиси афсӯс ва маҳкумнамоӣ аст, ки ин доғи рӯз ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон низ рабт дорад. Имрӯзҳо Ҳизби экстремистию террористии наҳзати ислом бо ҳар гуна роҳҳо сохтори демократию дунявии Тоҷикистонро бадном намуда, бо истифода аз маблағу воситаҳои гуногуни “хоҷагони” хориҷии худ Тоҷикистонро дар назди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ сиёҳ карда нишон доданӣ мешаванд. Аммо “тири дайду”-и онҳо пош мехӯрад, зеро мардуми тоҷик ҳанӯз он нобасомию шикастрезиҳои онҳоро дар даҳсолаҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаромӯш накардаанд.

Одатан мегӯянд, ки таърих сабақ меомӯзад. Аммо ҳастанд ашхосҳое, ки аз сабақи таърих дарси ибрат наомӯхта, кору фаъолияти иғвоангез ва ғаразҳои сиёсии худро идома медиҳанд. Роҳбарон ва фаъолони  Ҳизби экстремистию террористии наҳзати ислом бо таблиғу ақидаҳои ифротӣ андешаҳои ҷавононро дигаргун кардан мехоҳанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавононро бо таблиғ ва интишорҳои худ ба тарафи худ моил намоянд. Ҷавонони имрӯзаи тоҷик ба доми фиреби ин “аждаҳор”-ҳои асри XXI ҳеҷ гоҳ дода намешаванд, вале афсус, ки бархе аз ҷавонон ба фирефтаи онҳо гумроҳ гардида, ба доми сияҳи онҳо меафтанд.

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ ягон вақт ба манфитаи мардум набуд, нест ва нахоҳад буд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар даврони истиқлолият мақсади ин ҳизби ифротию террористӣ бо роҳҳои ғайриқоннунӣ соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ буд ва баъд аз он бунёди давлати исломӣ. Ҳадафи ТТЭ ҲНИ тафриқандозӣ асту халос.

Имрӯзҳо яке аз созмонҳои бонуфузи Аврупо – САҲА минбари худро пойгоҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии вайронкори ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ, ки берун аз ҳудуди кишвар фаъолияти террористӣ мебаранд гардонидааст. Исботи ин гуфтаҳо ташкили ҳамоишу нишастҳои матбуотӣ ва конфронсу симпозиумҳо мебошад, ки онҷо онҳо  мавқеи худашонро доир ба масъалаҳои баррасишаванда ҳифз мекунанд. Аммо бо боварии том гуфта метавонем, ки ин як иштибоҳи САҲА мебошад.

Хуллас мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ ва дар кишвар тафриқаандозӣ байни мардум мебошад.     

 

                                              дотсенти кафедраи ФГИ Абдуллоев И. Р.