Хобгоҳ: Мулоқоти профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ мулоқот намуд. Дар ин мулоқот ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро муовини аввали ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Мавлудахон, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилоромхон, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқон ҳамроҳӣ намуданд. 

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба риояи қоидаҳои будубош дар хобгоҳ, тозагӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, рафтори намунавӣ, хубу аъло хондани донишҷӯён ва ҳамзамон зимни истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёт шудан аз ҳар гуна созмонҳои террористиву экстремистӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи донишҷӯ ин хондану касб омӯхтан аст ва Шумо донишҷӯён бояд аввал хубу аъло хонед, вақти худро барои омӯзиш сарф намоед. Чӣ мушкилу камбудие ҳаст ба ман муроҷиат намоед…

Ҳамчунин, дар мулоқоти имрӯза муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Мавлудахон суханронӣ намуда, роҷеъ ба одобу муошират, истифодаи дурусти интернет, хубу аъло хондан изҳори андеша намуд. 

Ёдовар мешавем, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ доим бо донишҷӯён мулоқот намуда, зуд – зуд аз ҳоли онон хабар мегирад.