“ХИЁНАТ” ОРЗУИ ДУШМАНОНРО БА БОД ДОД

Ҳарчанд ба ҳама маълум буд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва аз байн бурдани обрӯйи миллат талош мекунанд, аммо онҳо аз ҳар макур ҳилла ва найранг истифода мебурданд ва талош мекарданд, то ҷомеаро аз ҳақиқатҳояшон дур нигоҳ доранд. Яъне ҳамон ҷиноят ва хиёнатҳояшонро намехостанд, ки мардум бифаҳманд.

Аммо бо нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” маълум гардид, ки наҳзатиёни бадкеш ва бадсигол ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва аз байн бурдани давлати милли тоҷикон, то аз хоҷагони хориҷияшон пул мегирифтаанду мақсаду маромашон ҳам душманӣ варзидан бар миллат будааст.

Ташкил намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қатл расонидани зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишвар аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад, ки ин хиёнати бузург мебошад. Ҳамчунин наҳзатиёни хоин борҳо нияти пора-пора кардани Ватани моро кашидаанд, ки ин ҳам ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Ҳамчунин борҳо дар кишвар наҳзатиён амалҳои террористӣ содир кардаанду ҷиноятҳои вазнинро гузаронидаанд, ки ин ҳаргиз бахшида нахоҳад шуду дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” шоҳидон инро тасдиқ намудаанд.

Амалҳои ваҳшатангез ва даҳшатҳои овардаи ТТЭ ҲНИ бар сари миллати тоҷик бисёр ҳам вазнин асту наҳзатиёнро барои ин корҳояшон бояд ба дор кашид. Зеро аз дин истифода кардани наҳзатиёни террорист ин аллакай ҷинояту хиёнат аст, аммо фиреб додани миллат ин нобахшиданист.

Бо истифода аз дин наҳзатиён мардумро роҳанмоӣ мекарданд, то дар даст силоҳ гиранду ёру бародари худро бипаронанд. Ҳамин тавр буд, киҳатто С. Нурӣ раиси ТТЭ ҲНИ мегуфтааст, ки шумо тир паронед, фариштаҳо онро бурда ба синаи кофирон мерасонанд”, ки ин дар ягон ҷойи ислом ҳам гуфт нашудааст ва қатли мардуми бегуноҳ, ки хостаи Офаридгор нест?!

Яъне, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон вақтҳо аз кишвари ба мо маълум сармоягузорӣ мешуданду фармон гирифт, то миллати тоҷикро ба нестӣ расонанд.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳамин паҳлӯҳои норавшанро барои ҷомеа ошкор намуд ва ин маънои онро дорад, ки наҳзатиёни террорист акнун дигар мардумро фиреб дода наметавонанду баҳонаҳояшгон ҳам ба кор намеравад. Зеро асрори макру ҳиллаи наҳзатиён, мақсаду маромашон, ки душманӣ бар миллат аст, пурра ошкор шуд.

Шояд агар имрӯз ҳам филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” намебуд, ҷомеа то ба ҳол аз макру найранг ва ҳиллаву душмании наҳзатиёни террорист огоҳ намешуду наҳзатиёни хоин бошанд, бар хиёнаткориҳояшон идома медоданд. Зеро наҳзатиёни террорист, фақат пас аз нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар Аврупо ҳам обрӯву мақомро аз даст додаанду акнун ҳамчун ҷинояткору террорист шинохта мешаванд.

Ғафоров Х.Н.

омӯзгори ДКМТ