ХИЁНАТ МУАММОИ НИҲОНИ ХОИНОНИ МИЛЛАТРО КУШОД

Шояд дар садаи 20-ум дар охири ҳазораи дуюм бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандида буд, ки соҳибистиқлол гардиду нафаси тоза кашид ва аммо ин дер давом накард. Дар айни ҳамин шодиву нишот будем, ки як зумра аз душманони миллати тоҷик, бо супориши хоҷагони хориҷияшон дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданду он ҳама шодиро ба мотам табдил доданд. Онҳо раис ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ буданд. ТТЭ ҲНИ ҳамон ҳизби террористӣ ва ҳамон созмони аз ҷониби душманони миллати тоҷик таъсис дода шуда буду мақсаду маромашон аз байн бурдани давлати миллати тоҷикон ва нест намудани тоҷику тоҷикистонӣ буд.

Ҷомеа аз ҳалқаи мушкили зиндагӣ нав ба роҳи нав раҳсипор мегардид, ки ҳамин айём дигар наҳзатиёни палид бо истифода аз дину шариат, бо нодуруст фаҳмонидани ояву ҳадисҳо мардумро ба гумроҳӣ кашиданду гардани аз зулм раҳо шудаи миллатро дигарбора ба қабзаи ғурбату моташ бастанд. Тоҷикистонро он солҳо тасаввур кардан, бисёр мушкил буд, дар хонаи касе шодӣ набуд ва касе ҳам интизори то фардо зистанро ҳам надошт. Чунки қумондонҳои наҳзатӣ бештар талош мекарданд, то мардуми оддӣ, шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расонанд. Заводу фабрикаҳоро  наҳзатиён ғорат намуданду боқимондаро оташ заданд, то имкониятҳои иқтисодии миллатро маҳдуд гардонанд. Равшанфикронро ба қатл мерасониданд, то асрори хоиниву хиёнаткорияшон пинҳон бимонад. Хуллоса ҳар амали зиште, ки раво медонистанд, амалӣ мегардониданд, то тоҷику тоҷикистониро дар назди хоҷагони хориҷияшон мутеъ гардонанд….

Ҳамаи ин ҳаводис ва ин хиёнату хиёнаткории наҳзатиён, ҳамон аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ҳамон хоинону муздурони хоҷагони хориҷӣ дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз 5 қисмат иборат аст, бисёр ҳам ба таври возеҳ қисса карда шудааст, ки барои насли ҷавон чароғе дар шинохти душманон ва хоинони миллати тоҷик мебошад.

Бузургон фармудаанд, ки агар касе аз гузаштааш сабақ намеомӯзад, роҳи фардоро кашф карда наметавонад ва ин барҳақ асту мо бояд бар насли ҷавон кӣ будани ҷавонон ва он ҳама рӯзҳои сангини ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдатро бифаҳмонем, то ба қадри ин арзишҳои олӣ бирасанду душманони миллатро маҳкум намоянд ва нагузоранд, ки бар миллат ва давлати миллии мо бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бар мо аз дирӯз мегӯяд, то фардо мисли дирӯза гумроҳ нашавем, фирефтаи душманон нагардем ва ба қадри Ватану давлати миллӣ ва истиқлолият бирасем.

Аз ҷониби дигар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳама он сиёҳкорӣ ва зиштсиратии душманони миллати тоҷик, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар хоинонро ифшо намуд, ки мешавад ин филми ҳуҷҷатиро як санади бузурги таърихӣ барои миллат номид. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ифшокориҳоро бар асоси факут далелҳо шурӯъ кардааст, ки ин барои бинанда боз ҳам мусоидат мекунад, то дар шинохти адӯи миллат  ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” моро огоҳ месозад, то зираку  ҳушёр бошему мисли солҳои 90-ум гумроҳ гардида, фирефта гардида, арзишҳои милливу муқаддасоти шаҳрвандиямонро аз даст надиҳем.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ