ХИЁНАТ БЕҶАВОБ НАМЕМОНАД

Дар чанд соли охир мо зиёд аз расонаҳо мутолиа менамоем, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаракатҳои мазҳабӣ чӣ тавр ба ин ё он гурӯҳи мардуми осоишта халал расонида, онҳоро нобуд месозад. Ва ё дар кишварҳои арабӣ, ки бе ягон асосе сокинони осоишта ба қатл расонида мешаванд ва онҳо гӯё аз номи дин баромад мекунанд. Аммо дар ҳеҷ як дини мавҷуди сайёраи замин чунин рукн ва фармон нашудааст, ки пайравонаш ин ё он мардумро бегуноҳ ба қатл расонанд. Лек ин ифротиён ҳаминро дастак намуда даст ба куштору ғоратгарӣ ва нобудсозии минтақаҳои обод мезананд, ки албатта решаи инро дар дин ҷустуҷӯ намудан ғайри имкон аст. Ин ҷо кадом як барномаи комиле вуҷуд дорад, ки мо аз он андак бехабарем.

Зеро ҳадафи ҳамаи ин гурӯҳҳо як  аст, яъне ҳимоят аз дин ва мазҳаб, аммо чаро барои ҳимоят фақат бадахлоқӣ ва куштор барномаи корӣ шудааст?

Оё намешавад, маблағи ҳамин тиру туфангро ва дигар хароҷотро барои ободонӣ ва табақаҳои фақир хайр кунанд?

Чаро бояд харобкориии биноҳои обод ва манзили мардум сурат гирад?

Ҷавоб ба ҳамаи ин суолҳоро мо аз амалҳои хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ гирифта метавонем. Зеро ин гурӯҳҳо ба дину мазҳаб коре надоранд ва фақат аз он барои шуҳрат ва гумроҳсозии мардум истифода мебаранд. Дар асл инҳо ҳатто аз дин ҳам хабаре надоранд.  Наҳзатиёни палид, ки ячейкаи ДИИШ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, дар чанд соли охир  фақат даст ба хиёнат зада, ҳатто кӯшиши табаддулоти давлатиро ҳам намуд. Аз ин маълум мешавад,ки наҳзатиёни ифротӣ барои несту нобуд сохтан ва аз байн бурдани ҳаёти осоиштаи мардум барнома сохтаанд ва мақсади онҳо ба ҳар роҳе набошад, дили хоҷаро хурсанд намуданд, то пули зиёд ба даст оранд.

Аксарияти террористон ва фаъолони гурӯҳҳои ифротӣ имрӯз ба хотири пул аз кишварҳои гуногун ҷалб мешаванд ва барои маблағи муайяне амалҳои террористиро содир мекунанд ба монанди Кабирӣ ва дигар аъзоёни ҳизбаш.

Вале Кабирӣ ва дигар созмонҳои ҳамкораш бояд донанд, ки хиёнати кардаи ТЭТ ҲНИ ҳаргиз беҷавоб намемонад ва ҳатман Кабирии палид бо дигар наҳзатиёни ифротӣ дар назди халқ ҷавоб хоҳанд гуфт.

                                                                     Муслимзода Хайём

                                                                     омӯзгори ДКМТ