ХИЁНАТ БА ВАТАН-ИН ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ!

Хоини миллат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро хӯрда дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад. Аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва дар охир бо далелҳо хоин ва хиёнаткору залил будани наҳзатиёнро ифшо менамояд.
Солҳои 90-уми асри гузашта аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо суханҳои дурӯғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда кардан мехоҳанд. Онҳо душманони дини мубини ислом аз эътиқоду динии мардум истифода бурда тавассути найрангҳои худ мехоҳанд дар минтақа вазъи ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ бирасанд, ки ин амал нобахшиданист.
Солҳои 90-ум, тавре ки дар филми “Хиёнат” аз забони шоҳидон оварда шудааст, бисёр ҳам вазнин буд ва шаҳрвандон азоби сангине мекашиданд, ки сабабгори ҳамаи ин бесарусомониҳо раис ва аъзову пайравони ТТЭ ҲНИ буданд.
Лекин ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯз аз баракати Роҳбари давлат Тоҷикистони мо тинҷу ором ва рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кӯшиш кунем то Ватани мо боз хам ободу зебо гардад.
Мо тоҷикем ва тоҷдорем барои ҳамин ин давлати орому зеборо дубора барои хор кардан рох нахохем дод .
Ман ҳамчун як шаҳрванд чунин акида дорам, ки роҳбарони ташкилоти САҲА бояд оромиву осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати тамаддунофари тоҷикро мехоста бошанд, бояд ин ки хиёнаткорони Ватанро, ки тарки Ватан намудаанду ба марзу буми хеш аз берун сангандозӣ мекунанд, дастгирӣ ва пуштибонӣ накунанд дар он вакт давлати мо ором мегардад.
Имрӯз мардуми ҷумҳурии азизамон зери осмони соф дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рӯҳияи ободкориву созандагӣ зиндагонӣ мекунанд.
Барои ифротгарову террорист, ба оне, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, кӯрнамакӣ мекунаду нияташ халалдор кардани оромии кишвар аст, гузашт нест. Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист. Сарварон ва аъзои ТТЭ ҲНИ ба давлату миллати худ хиёнат кардаанд. Онҳо ба ин кирдорашон бояд дар назди мардум ва Ватан ҷавоб диҳанд.
Абдуллоева Т.Б.
ассистенти кафедраи Экологияи ДКМТ,
дар шаҳри Бӯстон