“ХИЁНАТ” АЗ ХИЁНАТКОРОНИ НОМАРД ГУФТ

Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик хоинони разил ва авбошу пастфитрат ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани миллат новобаста аз он ки дар кадом гӯшаву канори олам қарор доранд ба хотири гумроҳ сохатни ҷомеа ҳамарӯза матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезона менависанд.  Мақсад аз чунин амал гумрҳ сохтани ҷавонон аст. Зеро дигар ҷомеа пеш рафт ва мардум насли солҳои 90-ум нестанд, ки ба ҳар як сафсатаи наҳзатиён бовар созанд ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо наҳзатиён ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа аз ҳар гуна шева кор мегиранд ва як сабаби дар рӯ ниқоб гирифтани террористони наҳзатӣ ҳамин аст. Чунки то ба чанд муддат насли ҷавон намедонист, ки наҳзатиён дар асл кӣ ҳастанд, аммо пас аз ҳодисаҳои  соли 2015 ҳамаи ҷомеа дарк намуд, ки наҳзатиён душманони миллати тоҷик мебошанду бар алайҳи миллат меҷанганд. Аммо нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар исбот намуд, ки наҳзатиён кистанду барои кадом хоҷаи хориҷӣ кор мекунунду мақсаду маромашон чист?

Агар бигӯем, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” чашмҳоро дар шинохти душманони миллат боз кард, иштибоҳе нахоҳад буд, аммо набояд фаромӯш кард, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” асноди бузурги таърихӣ мебошад. Акнун замон дигар аст ва намешавад ҳама чизро пинҳон дошт, зеро шоҳидон зиндаанду аз он солҳо ва аз он даҳшатҳо басо наворҳо боқӣ мондааст, ки намешавад ҳамаи онро нодида гирифт. Ҳамчунин захмҳо дар дили мардум боқӣ мондааст, ки онро ҳам ҳеҷ малҳаме даво намебахшад. Зеро наҳзатиёни манфур ва разил ё бародар ё хоҳар ва ё шавҳари занеро дар ин ҷанг ба қатл расониданд, ки ин ҷинояти бузург мебошад.

Ҳоло наҳзатиёни хоин фаромӯш кардаанд, ки дигар ҳама асрори то ба ҳол пинҳон медоштаашон фош шуду тамоми ҷомеа бохабар шуд, ки наҳзатиён ҳамон хоинону террористоне ҳастанд, ки бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд.

Саидов А.

омӯзгори ДКМТ