ХИЁНАТКОР ОДАМ НЕСТ!

Душманони миллати тоҷик, хоинони наҳзатӣ, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ сохтани ҷомеа имрӯзҳо берун аз кишвар истода, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва талош мекунанд, ки миллатро гумроҳ созанд, ки ин як хиёнати бузург мебошад.

Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ берун аз кишвар дар хориҷи мамлакат истода, талош менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун ар миллат хиёнат кунанду аз хоҷагони хориҷияшон маблағи зиёдтар ба даст оваранд, ки ин як хиёнати рӯирост мебошад.  Ҳамагон хуб медонанд, ки наҳзатиёни манфур имрӯз аз кадом ҳисоб дар Аврупо зиндагӣ мекунанд? Аз кадом ҳисоб хонаву тиҷорат кардаанд?

Аз кадом ҳисоб студияву шабакаҳои хабарӣ ташкил кардаанд?

Албатта, ҳамаи ин аз ҳисоби пули хоҷагони хориҷии наҳзатиён мебошад, ки мехоҳанд миллат ва давлати тоҷиконро аз харитаи ҷаҳон нест кунанд ва ҳамин хиёнаткорони наҳзатӣ, ки сурати одами доранду сирати ҳайвонӣ имрӯз дар хизмати ҳамин хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд. Имрӯз барои чаҳон танга наҳзатиёни кӯрботин ва тирадил бар миллат ва Ватани худ хиёнат мекунанд, ки ин нобахшиданист. Наҳзатиён ва ё аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳоло ҷавононро бо маълумоти бардурӯғ ва бофтаву носаҳеҳ мехоҳанд гумроҳ созанд ва ба муздурӣ хоҷаҳои хориҷияшон табдил диҳанд, ки асло  нобахшиданист.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ набояд фаромӯш созанд, ки онҳо низ аз ин обу хок баҳра бурдаанд, аз ҳавои ин кишвари дилпазир нафас кашидаанд ва хиёнат бар ин Ватан аллакай аз нокасиву ноҷинсии онҳо шаҳодат медиҳад. Обу хоки ин Ватан, нони ин миллат албатта наҳзатиёни ва авбошро кӯр хоҳад кард, зеро он манфурону ҷоҳилони наҳзатӣ ношукрӣ карда, хиёнат карданд, хоиниро пеша намудад.

Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз 3 қисм иборат аст ва давра ба давра хиёнат ва хоиниву ватанфурӯшии раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ ва дигар аъзоёни ин ҳизб ошкоро гуфтаву исбот карда шудааст, ки хеле маълумоти муҳим барои шинохти душманону хоинони миллати тоҷик мебошад.

Ҳамакнун ба хотири он ки миллатро фиреб диҳанд, наҳзатиёни палид ва манфур иғвобарангезиву  дасисабозӣ мекунанд, то миллатро фиреб диҳанду гумроҳ созанд. Онон имрӯзҳо афсонаву гузоришҳои бардурӯғ бофта, дар сомонаҳои ифротияшон нашр намуда, мехоҳанд аз ҳамин роҳ мардумро фиреб диҳанду гумроҳ созанд. Ҳоло наҳзатиён мехоҳанд, ки номи миллатро, обрӯйи миллатро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанд ва ин як хиёнати бузург мебошад.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳар як навиштаву баромадҳои худ бар алайҳи миллат баромад намуда, фитнаандозӣ мекунанду талош мекунанд, то аз роҳе бо ҳиллаву найранг ҷомеаро ба доми худ бикашанд, ки ин ҳам як навъ хиёнат бар ҷомеа мебошад ва ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд. Худи ҳамин ба чоплусиву муздурӣ пардохтани наҳзатиён, ба хотири чаҳон танга ғуломи хоҷагони хориҷияшон шуданашон, аллакай як хиёнати бузург аст. Он ки наҳзатиён имрӯз ватанфурӯши мекунанду хоинӣ намуд, ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ