ХИЁНАТКОРРО БОЯД НАБАХШИД

Инсон ҳамеша дар ҷамъият ба иштибоҳ роҳ медиҳад, ки онро бахшидан мумкин аст, аммо агар ба хиёнат роҳ диҳад, онро бахшидан гуноҳ аст. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамин гуна афроде ҳастанд, ки иштибоҳ карданду бо созмонҳои террористӣ ҳамроҳ шуданд, вале оқибаташро наандешида даст ба хиёнти Ватан заданд, ки ин дигар ҷойи бахшиш нест ва хиёнаткор бояд ҷазо бинад.
Дар ягон ҷамъияти инсонӣ хоин ва хиёнаткорро намебахшанд ва мо низ набояд, ки хоинони наҳзатиро бахшем. Чунки он зарару хисороте, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба кишвари мо оварданд, хиёнатест басо бузург ва нобахшиданӣ. Чунки дар ин хиёнати наҳзатиёни манфур ва касиф миллат зарар дид, имкониятҳои миллат аз даст рафт, ки то ба имрӯз он доғҳоро ҷомеа малҳам мемолад, то он озору азияти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дардаш камтар гардад.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамин гуна касифоне ҳастанд, ки ба хотири ба даст овардани пулу мол ва маблағ ҳатто омодаанд, то зану фарзандонашонро ба хизмати хоҷаи хориҷияшон гузоранду худ маблағ ба даст оранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат аъзоёни ТТЭ ҲНИ, яъне наҳзатиёни манфур дигар шарафу виҷдони инсонӣ надоранду ба як лухтаки хоҷаҳои хориҷияшон табдил гардидаанд, ки ба ҷуз иҷрои дастури хоҷагонашон дигар коре ҳам кардан намехоҳанд.
Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллат мебошанд ва мақсаду маромашон ҳам душманӣ варзидан бар миллати тоҷик ҳаст. Наҳзатиёни касиф чашми дидани муваффақиятҳои моро надоранд ва ҳоло онҳо барои фиреб додани мардум ва аз онҳо гирифтани саодат ҳамарӯза садҳо иғвову дасиса эҷод мекунанд, то насли ҷавонро бо гумроҳӣ ба доми фиреби худ бикашанд.
Насли ҷавон бояд ҳаминро дарк намояд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротӣ аз пастфитраттарин афроде ҳастанд, ки ҳатто бар зидди Ватану миллати худ меҷанганд, ки хиёнати ошкоро мебошад ва аз ҷониби дигар ноҷавонмардӣ!
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ