ХИЁНАТИ ХИЁНАТКОРОН ҲАРГИЗ ПӮШИДА НАМЕМОНАД

дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” 5

Вақте филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисмҳои 1, 2 ва 3 баромад, аллакай тарбуз аз бағали М. Кабирӣ афтиду ин раиси террористони наҳзатӣ намедонист худро ба куҷо занаду беҳтарин роҳро бо фиреб додани мардум пеша кард ва худро ҳамчун мазлум дубора хост аз боварҳои ҷомеа истифода намояд, дари созмонҳои байналмилалиро кӯфт, то ниқоби наве ба худаш гираду ин амалҳои террористии аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро пинҳон дорад.

Лек чӣ кунем, ки мардуми кишвар аз ин ҳолу ҳавои наҳзатиён бархӯрдор гардида ҳаводис ва рӯйдоди он солҳоро нақл намуданд, ки бисёр ҳам ваҳим аст. Бубинед имрӯз наҳзатиён ба кишварҳои Аврупо фирор намуда, паноҳанда шудаанд. Аммо солҳои 90-ум наҳзатиён ҳамин намояндаҳои хориҷӣ ва  дипломатҳоро гаравгон мегирифтанду талош мекарданд, то маблағе ба даст оваранд. Имрӯз М. Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ даст ба гиребон гирифта ба СММ мехоҳад муроҷиат намояд. Лек фаромӯш кардааст, маҳз худи ҳамин наҳзатиён солҳои 90-ум намояндаи СММ дар кишварро ба гаравгон гирифта ба қатл расонида буданд. Пас наҳзатиён бо кадом роҳ мехоҳанд мардумро фиреб диҳанд?

Оё аз ин дида рӯсиёҳӣ ва  пастфитратӣ зиёд  мешавад?

Ҳатто аз  забони аъзоёни собиқи худи ТТЭ ҲНИ шунидани воқеияти он рӯзҳо дигар ягон шакку шубҳаеро барои террористӣ-экстремистӣ будани наҳзати исломӣ боқӣ намегузорад. Яъне, ин ҳама амалҳои зиддибашарӣ ва зиддиинсонии наҳзатиёнро дар ҳамон солҳо як мавҷи инсонбадбинии мутлақ ва қувваи бад бар алайҳи насли башар номидан мумкин аст.

Дигар агар аз ин ҳама хиёнатҳову ҷаҳолати наҳзатиён бар миллат сухан бикунем, ҳеҷ касе наметавонад ором бошад, зеро наҳзатиён дигар бар тамоми шаҳрвандони кишвар заҳри хиёнати худро расонидаанду миллат доғи бузурге дар дил дорад.

Ҳоло наҳзатиён акнун дар Аврупо фирор кардаанду аз он ҷо истода сафсата мехонанд ва мехоҳанд миллатро фиреб диҳанду ба гумроҳӣ баранд. Аммо суоле ба вуҷуд меояд, ки наҳзатиён дар як кишвари бегона ва он ҳам аврупоӣ чӣ тавр метавонанд, зисту зиндагонӣ кунанду телевизиону студия дар он ҷо ташкил диҳанд, агар маблағгузории хориҷиён набошад?

Яъне ҳанӯз аз рӯзи аввали таъсис маълум буд, ки наҳзатиён барои душмани варзидан бар миллат талош мекарданду мақсаду маромашон ҳам хиёнат бар тамоми аҳолии кишвар мебошад. Ҳоло филми “Хиёнат” қисми 5 аллакай аз паҳлӯҳои сиёҳ ва манфиатҳои душманонаи наҳзатиён ва зарари онон бар илму маърифат қисса мекунад, ки дигар агар Кабириву ҳаммаслаконаш ба осмони ҳафтум ҳам ҷор зананд, ки ҳақиқат пӯшида намемонад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ