ХИЁНАТИ ХИЁНАТКОРОН НОБАХШИДАНИСТ

Шояд барои иддае аз насли ҷавон даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ он қадар равшан набошад, аммо барои иддае аз насли калонсол даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо чашми сар дидаанд, як ҷаҳаннам мебошад. Ҷаҳаннаме, ки онро аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо фармони хоҷагони хориҷияшон ташкил карданду хостанд мустақилияти кишварро аз байн баранд. Саркардагони наҳзатӣ дар он рӯзҳо аз ҳимояи молиявии кишварҳои хориҷӣ, ки ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун лоиҳаи террористӣ омода карда буданд, бархӯрдор буданд ва ҳамеша барои қатли шаҳрвандони бегуноҳ талош мекарданд.

Ва ҳамин аст, ки зиёда аз 160 000 шаҳрванди бегуноҳи кишвар аз дасти ин наҳзатиёни манфур ба қатл расонида шуд.

Аммо наҳзатиёни террорист ва хоину хиёнаткор мақсад доштанд, ки ба сари қудрат бирасанд ва аз 7 сола боло ҳамаро ба қатл расонанд, ки барномаашон хушбахтона амалӣ нагардид. Аммо наҳзатиёни манфур даст аз ин кирдорҳои бад намебардоштанд ва ҳамеша талош мекарданд, то як амали террористиро дар кишвар содир намоянд.

Он ҷаҳолату разолат ва қатлу ваҳшонияти наҳзатиёнро ки имрӯз насли ҷавон бехабар аст дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ошкоро мушоҳида намудан мумкин аст. Чунки наҳзатиёни хоин ҳамаи ин амалҳои зишти худро зери парда нигоҳ медоштанд ва мақсаду маромашон ҳам гумроҳ намудани ҷомеа буд. Лек хушбахтона бо нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҷомеа фаҳмид, ки наҳзатиён кистанду чӣ зулму истибдоде ба сари миллат овардаанд. Воқеан ҳам ҷинояти наҳзатиён, хиёнати наҳзатиён, ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд ва миллат ҳаргиз душманонашро намебахшад. Зеро хиёнат бар Ватан ва миллат хиёнти бузург ва нобахшиданист.

Д.Давлатов

омӯзгори ДКМТ