Ҳарчанд имрӯзҳо маълум аст, ки бахше аз душманони миллати тоҷик, хоинону бадкешони наҳзатӣ барои бадном кардани миллат дар арсаи байналмилалӣ ва гумроҳ намудани ҷомеа дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, талош менамоянд, ки бо нашри матлабщои бардурӯғ ва ифротӣ иғвобарангезӣ намоянд, ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ расонанд.
Наҳзатиён ҳатто дар матлабҳову гузоришҳои нашрнамудаи хеш бештар ба масъалаи афкори нали осебпазир таваҷҷуҳ намуда, аксаран матлабҳояшонро бар ҷавонон мухотаб мекунанд, то ҳарчи зиёдтар дурӯғҳо ва афсонаҳои бофтаашон дар мафкураи онҳо ҷой гирад.
Ба ҳама маълум аст, ки наҳзатиён бо чӣ қадар хиёнаву ҷиноят ва хунрезиҳо ба хориҷ фирор намуданд ва ҳама кирдори ношоиставу ғайриинсонии онҳо исбот шудаасту ҳамагон хуб медонанд. Нахуст наҳзатиён солҳои 90-уми асри гузашта ояҳои қуронӣ ва ҳадисҳоро нодуруст ба мардум шарҳу тавзеҳ дода, онҳоро гумроҳ карданд ва сипас бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон дар кишвари мо ҷанги таҳмилиро ташкил намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 160 000 наҷар қурбон гардид. Ин вазнинтарин ҷинояти аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар он давраҳо буд, ки то ҳол миллат аз осори ин ҷанги ташкилкардаи наҳзатиён ранҷ мебарад. Яъне доғи овардаи наҳзатиён бар дилҳо то ҳанӯз тоза нашудааст ва ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки бинобар аз даст додани азизонашон дар ин ҷанг табассумро фаромӯш кардаанд ва ҳанӯз ҳам хунбаҳои онро аз наҳзатиён талаб доранд. Пас чӣ гуна мешавад ин наҳзатиёнро ватандӯст гуфт?
Наҳзатиён ҷиноят намуданду ба хориҷ гурехтанд ва ин бисёр ҳам аламовар аст, ки ин хоинон ба хотири маблағи хоҷагони хориҷияшон носипосӣ менамоянду бар Ватани худ хиёнат кард. Аз соли 1997 то соли 2016 наҳзатиён дар қаламравӣ кишвар зиёда аз 30 амали террористӣ содир намудаанд, ки ин бисёр ҳам нигаронкунандаву ташвишовар аст. Зеро ҳеҷ инсони солим ва некхоҳ бар Ватан ва миллати худ чунин хиёнат намекунад, ин ки наҳзатиён ин гуна хиёнатро раво диданд. Ҳоло наҳзатиён бо роҳбарии М. Кабирии палид раиси ТТЭ ҲНИ ва созмони террористии дигараш ТТЭ ПМТ дар Аврупо кӯшиш мекунанд, ки ин гуноҳҳову ҷинояҳои худро паси парда нигаҳ доранду бар ҳамин баҳона худро “ватандӯст”-у “ғамхори миллат” муаррифӣ кунанд, то бештар ҷавононро гумроҳ намоянд.
Аммо суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна наҳзатиён ватандӯст будаанд, ки солҳои 90-ум кишварро ба хун оғушта намуданд?
Агар наҳзатиён ғамхори миллат мебуданд, дӯстдори мардум мебуданд, зиёда аз 160 000 шаҳрванди бегуноҳро ба қатл мерасониданд?
Агар наҳзатиён инсондӯст ва одам мебуданд, амалҳои террористӣ содир мекарданд?
Агар наҳзатиён тарафдори рушди кишвар мебуданд, равшанфикрон ва рӯзноманигоронро ба қатл мерасониданд?
Далелҳои зиёде мавҷуд аст, ки шахсиятҳои шинохта, олимони хирадманд ва рӯзноманигоронро наҳзатиён ба қатл расониданд, то ҳақиқати онҳоро ошкор насозанду бештар ҷомеаро гумроҳ созанд.
Зархарид будани наҳзатиён борҳо исбот шудааст ва тамоми санадҳо ва нуктаҳои марказҳои маблағинтиқолдиҳии байналмилалӣ ҳам инро бармало сохтааст, ки аз куҷо бар сурҳатҳисоби М. Кабирии палид раиси ТТЭ ҲНИ маблағ мегузараду наҳзатиён аз куҷо ин қадар хуб зиндагӣ доранд. Зеро дар Аврупо зисту зиндагӣ осон нест ва маҳз ҳамин пули хоҷагони хориҷии наҳзатиён аст, ки онҳо он ҷо зиндагӣ доранд вагарна як фирорӣ ва ҷинояткору террорист аз куҷо маблағ меёбад, ки ин қадар дастгоҳу сомонаҳои интернетӣ дорад?
Ин қадар корманду корбарони шабакаҳои иҷтимоиро маблағ мегузаронад?
Сад дар сад маълум аст, ки ин пулҳо бар наҳзатиён аз хоҷагони хориҷияшон мегузарад ва ин душманони миллат бар ивази ин пул, бар ҷомеаи кишвар хиёнат мекунанд, миллатро гумроҳ мегардонанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати нобахшиданӣ ва ҷинояти вазнин аст. Албатта, наҳзатиён зери ниқоб баромад мекунанд ва бештар талош меварзанд, ки ҳақиқати худро пинҳон доранду худро ҳамчун “ғамхори миллат”, “дӯстдори Ватан”, “ҳамнавои мардум” муаррифӣ кунанд. Лек тавре, ки гуфтем ҳақиқат зери ин мафҳумҳо ниҳон асту наҳзатиён мехоҳанд бо ҳамин роҳҳо бар миллат хиёнат кунанд, кишварро дубора ба маркази хоку хун табдил диҳанд, ки ин бузургтарин ҷиноят мебошад.
Ин ҳам формулаи террористони наҳзатист, ки ҳоло бо таъсиси чандин сомонаи ифротӣ бар миллат мубориза мебаранд ва кӯшиш мекунанд, то ҷомеаи кишварро нороҳат созанд.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ