ХИРАНИГОҲОНИ НАҲЗАТӢ КӮРДИЛАНД

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани миллат имрӯзҳо чандин сомонаи ифротиро таъсис додаанду тариқи он ҳамарӯза матлабҳои бардурӯғро нашр намуда, кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро бо роҳи фиреб баранд ва ҳамин аст, ки ҳама пешрафт ва ободиву созандагиро дар кишвар нодида мегиранду талош мекунанд, ҳамаи инро аз чашми миллат бипӯшонанд, ки ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд. Чунки ҷомеа худ дидаистодааст, ки имрӯз чӣ хел кишвар рушд кардаистодаасту Ватанамон бо чӣ ҳад ободу зебо гардид.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ худ ки кӯрдилу хираназару чашмхӯрдаанд, асло наметавонанд ин ҳама пешрафтро бубинанду қабул созанд, зеро хоҷаи хориҷияшон бар ин иҷозат намедиҳад ва мақсаду мароми наҳзатиён ҳам душманӣ варзидан бар алайҳи миллат мебошаду гумроҳ сохтани ҷомеа. Наҳзатиёни террористон барои ҳар як хиёнат ва ҷинояти содиркардаашон нисбати миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд, ки пасттарин амал мебошад ва аслан ба ин кор бештар номандон даст мезананд.

Ягон мард даст ба хиёнат намезанад ба ҷуз наҳзатиён, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳам нақши занро мебозанду ҳам нақши мардро, вале аслан дар назди хоҷагони хориҷияшон ҳамчун занони бовафо шинохта мешаванд, ки аз ин дида шармандагие беш нест. Имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ, наҳзатиёни палидро ҷомеа ҳамчун пастфитрат ва бадкешу разил мешиносаду ҳамчун хиёнаткору ақлбофта ва ҳуввиятфурӯхта эътироф кардааст, ки аз ин дида баҳои паст намешавад ба фикрам.

Дар ҳақиқат наҳзатиёни манфурро мешавад душмани башарият ва ҳам душмани миллату душмани аҳли дину мазҳаб низ гуфт.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ