ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДОН АСТ!

Мулоқоти сарбозон бо донишҷӯён

 

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо масъулини қисмҳои низомӣ тасмим гирифта шудааст, ки мулоқоти сарбозону афсарон бо хатмкунандагони муссисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ баргузор гардад.

Бо ин мақсад дирӯз, 7 декабр бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдурашид Самадов ва бо иштироки лейтенанти калони Гвардияи миллӣ Аҳлиддин Қурбонов, лейтенанти дастаи ёздаҳуми тирандози савора Абдунабӣ Боев, ефретор Гулназар Раҳматов ва сарбозони қаторӣ Дӯстиёр Норматов, Абдурасул Одинаев, Ганҷ Раҳматов дар Донишкадаи куҳӣ-мелаттургии Тоҷикистон байни хатмкунандагон мулоқот доир гардид.

Сарбозон оид ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити арзандаи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби тарбияи ҷавони босаодат ибрози назар намуда, аз ҳамсолони хеш даъват ба амал оварданд, ки пас аз хатми таҳсил ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, сарбаландона хизмати Модар – Ватанро адо намоянд.

Дар интиҳо донишҷӯёни Донишкада Фирдавс Зокиров, Шероз Сатторов ва дигарон аз сарбозон ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гиифтанд.

Боиси зикр аст, ки баргузории чунин мулоқотҳо бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр низ ба нақша гирифта, давоми моҳи равон идома хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории мулоқотҳои мазкур баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандӯстии насли ҷавон ва бо ин васила афзун гардонидани сафи ихтиёриёни ҷавон ҷиҳати пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб меёбад.