Дил ба ғами Ватан фигор мо накунем,
ки мекунад,
Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем,
ки мекунад.
Хизмати Модар-Ватан аз дилу ҷон мекунем,
Ҳар нафас шаъну шукӯҳашро фаровон мекунем.
Осмон соф асту, Хуршеди саодат шуълапуш,
Ифтихор аз ин замони оли Сомон мекунем,
Хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ва вафодорист. На ҳар кас ба Ватан – модари хеш содиқона ва шарафмандона адои хизмат менамояд, адои хизмат қарзи ҳар як фарзанди бо нангу номус ва вафодори ин миллати куҳанбунёд аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо родмардони далеру шуҷои хеш мефахрад, зеро сарбоз будан ифтихорест. Ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва ҳамчунин пойдор намудани сулҳ дар сайёра:
Сарбоз ту ғурури меҳанӣ, ту виқори Ватанӣ, ту сипари ҷону танӣ.
Сарбоз туро мардӣ ҳадаф, заифӣ ор, ҳифзи Ватан шиор аст.
Оре, ватанро дӯст доштан, ифтихор намудан, барои ҳимоя омода будан, ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ, Ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳои волои инсонӣ мебошанд, ки ҷавонони мо бояд дарк намуда, сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз ҳар гушаву канори ватани маҳбубамон ҷавонони боору номуси миллати куҳанбунёд бо сарбаландӣ ва азму иродаи қавӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат мебанданд. Албатта, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи Ватан -Модар барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёту ватандӯстӣ, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шуда, сарбозон хизмати ҳарбиро бе мушкилӣ паси сар менамоянд. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: “ Ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти бузурги фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир шуда, ба аҳди ҷавонмардонаи хеш содиқ монда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат гузаранд. Бояд ҷавонони шуҷо ва далери Ватан бо азми дилу иродаи қавӣ баҳри пойдории сулҳу оромӣ, истиқлолу озодӣ равонаи хизмати Модар-Ватан бошанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили бузург ва асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Қайд намудан зарур аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифз, нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Сол то сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароитҳои лозима сохта гардида истодаанд. Албатта, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолу ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромӣ, омили пешрафту шукуфоӣ, созандагию бунёдкорӣ мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Имрӯзҳо бо сарфарозӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз Ватани маҳбубамон низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст. Ин гувоҳӣ аз азму иродаи қавии ҷавонони бонангу ор ва ватандӯст мебошад, ки баҳри ҳифзи Ватан ҳамеша омода ҳастанд. Ҷавонони бо нангу ори моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи хамарӯзаи кору фаъолияти хеш қарор дода, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ва ҳимояи марзу бум камари ҳиммат баста ҷидду ҷаҳд намоянд.
Давлатов Хайриддин –мутахассиси
шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон