Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ҳамасола аз 500 то 1000 нафар донишҷӯён хатм мекунанд ва бо роҳнамоии раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба корхонаҳо ва ширкатҳои ҳамкор ба кор фиристода мешаванд. Айни замон Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 75 корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва хатмкунандагон ба таври комил бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша ғамхорӣ хатмкунандагон буда, барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон тамоми корҳои заруриро анҷом медиҳад. Хатмунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун мутахассис дар корхонаҳои саноатӣ аз 3000 то 12000 сомонӣ маблағ мегиранд.