Хатмкардаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбарии корхонаи ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар равияҳои корҳои кӯҳӣ, электромеханика, металлургия ва иқтисодиёти саноатӣ кадрҳои баландихтисос омода карда истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки айни ҳол хатмкардагони донишкада дар корхонаҳои гуногуни соҳавӣ фаъолият бурда, як қисми онҳо дар ҳайси идоракунанда мебошанд. Яке аз хатмкардагони болаёқати донишкада Нуриев Шаҳзод мебошад.

Нуриев Шаҳзод ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соли 2012 дохил шуда, дар соли 2017 аз рӯйи ихтисоси 510201-02 – Корҳои зеризаминии кӯҳӣ тариқи буҷавӣ бо муваффақият хатм намудааст. Баъд аз хатми донишкада тибқи роҳхати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаи ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон сабарбар шуда, фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Айни ҳол дар ширкати ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” воқеъ дар ноҳияи Айнӣ ба ҳайси роҳбари шуъбаи геология ва маркшейдерия фаъолият бурда истодааст. Ҳангоми сӯҳбат бо намояндагони корхона маълум гашт, ки Нуриев Шаҳзод худро ҳамчун мутахассиси болаёқат нишон дода, донишҳои хуби касбӣ дорад. Дар моҳи ноябри соли равон Нуриев Шаҳзод дар якҷоя бо дигар кормандони ширкати болозикр ба донишкада ташриф оварда, бо устодон ва донишҷӯён вохӯрӣ гузарониданд. Ҳангоми вохӯрӣ мавсуф ба устодон миннатдории хешро баён намуда, донишҷӯёнро даъват ба амал овард, то ки онҳо бо баҳоҳои хубу аъло хонанд, донишҳои касбиро дар сатҳи баланд аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, зеро ба мутахассиси сатҳи касбиашон баланд дар бозори меҳнат ҳама вақт талобот зиёд мебошад.

Бахши таҷрибаомузӣ ва пайгирии хатмкунандагон