Хатмкардагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба 68 корхонаи саноатии мамлакат фиристода шуданд

ДУШАНБЕ, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 68 корхонаи саноатии мамлакат шартномаи ҳамкорӣ дошта, хатмкардагон тибқи тақсимоти озод пурра ба ин корхонаҳо фиристода шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод.

Имсол Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 577 нафар хатм намуда, аз байни онҳо зиёда аз 130 нафар ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.

Ректори донишкада иттилоъ дод, ки раёсати донишкада тасмим гирифтааст дар партави иқдоми Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар замми 40 фоиз зиёд гардидани музди маош боз 10 фисад маоши кормандонро зиёд намояд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар донишкада 113 ҳамоишу  мулоқот ва барномаҳои тарбиявӣ гузаронида шуданд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ “Ховар” https://khovar.tj/2024/08/hatmkardagoni-donishkadai-k-iyu-metallurgii-to-ikiston-ba-68-korhonai-sanoatii-mamlakat-firistoda-shudand/