Терроризм – аз калимаи лотинӣ «terrorism» сарчашма гирифта, маънои (ужас, страх, запугивание) даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарсу ҳарос, бим, хавотирӣ, ҳаяҷон, изтироб, ниҳоят баъд, хеле баъд, аз ҳад зиёд бад, аблаҳона, тарсонидан, таҳдид кардан, дуғу пуписа карданро дорад.
Моҳияти терроризм – ин тарсонидан ва ба воҳима андохтани рақибони сиёсӣ ва дигар муқобилон мебошад. Хусусияти асосии терроризм ин ба даҳшат овардан ва бесару сомон кардан, тарсонидан ва ба роҳгумӣ бурдани тарафи муқобил мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бурдан бо терроризм ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани террористон ва ҷинояткорони хусусияти террористӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16.11.1999 сол қабул гардидааст.
Дар қонуни мазкур дар моддаҳои 3 ва 4 мафҳумҳои асосӣ оварда шудаанд, ки дар он ба мафҳуми терроризм чунин таъриф дода шудааст:
Терроризм – ин маҷмуъи суиқасдҳои ҷиноии гуногун бо характерҳои худ мебошад. Терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сўиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ў истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад. (қҷт 12.05.07 №246)
Акнун сухан дар бораи амалҳои террористӣ меравад.
Бояд қайд кард, ки гурўҳи террористӣ – шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд;
Террорист – шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;
Ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медиҳад;
Дар баробари кирдорҳои террористӣ дошта экстремизм амал мекунад.
Экстремизм низ аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои луғавиаш майл доштан ва тарафдор будан ба ақидаҳои инфиродии моҷароҷуён мебошад. Дар сиёсат бошад, зери мафҳуми экстремизм кӯшиши бо усулҳои роҳҳои қатъи (радикалӣ), ки ҳамаи шакли зуроварӣ ва тарсу таҳлукаро дар бар мегиранд, барои ҳал намудани масалаҳо, ноил гардидан ба мақсад фаҳмида мешавад.
Мақсади асосии экстремизм андохтани кинаву адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ, паст задани эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал мебошад.
Барои мубориза бар зидди экстремизм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 08.12.2003 сол қабул гардидааст. Дар моддаи 3-и Қонуни мазкур ба мафҳумҳои асосӣ дар бораи экстремизм дода шудааст:
Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ.
Амали экстремистӣ-фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:
а) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;
г) ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;
д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;
е) ангезонидани муноқишахои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўровари алоқаманд аст;
ж) паст задани шаъни миллӣ;
з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурўҳи иҷтимоӣ;
и) ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо;
к) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои амалҳои номбаршуда;
л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кўмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият.
Ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонун даромадааст;
Маводҳои экстремистӣ – ин интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд ё ногузирии ин фаъолиятро асоснок менамоянд, нашрияҳо, ки ногузирии бартарии миллӣ ё нажодиро талқин менамоянд ё таҷрибаи ҷиноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисмии ягон намуд гурўҳи этникӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад.
Инчунин вобата ба хусустисятҳои терроризм ва экстремизм ДИВЕРСИЯ – содир намудани таркиш, оташгиронидан ё дигар амалҳое, ки ба вайрон намудан ё ин, ки зарар расонидани иншоотҳо, корхонахо, роҳ ва воситаҳои робита, воситаҳои хабар ва алоқа, иншоотҳои ҳаёттаъминкунии аҳоли бо мақсади фалаҷ гардонидани иқтисодиёт, лаёқати мудофиавии мамлакат равона шудааст.
Омузиши таҷрибаи ҷаҳони нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ҳамқадами доимии инсоният мебошад. Ҳануз дар асри I то милод дар Иуде (Яҳудистон мазҳаби ханҷардорон (секта сикарев) амал мекард, ки ҷонибдорони он римиён донишмандон, устодон, аъёну ашрофон ва олимақомони яҳудиёнро несту нобуд мекарданд.
Фома Аквинский ва падарони дини христианӣ бошанд, ақидаи қатли ҳокиме, ки ба фикри халқ душман ё хиёнаткор аст, иҷозат медоданд.
Мазҳабҳои алоҳидаи дини Ислом низ дар миёнаҳои асри пайдоиши хеш ба куштори халифаҳо ва сардорону мансабдорони тақсимотҳои маъмурӣ ва ҳарбӣ ҷонибдор буданд ва бо ин амал намояндагони онҳо даст мезаданд. Дар ин давра баъзе ҷамъиятҳои махфӣ дар Ҳиндустон ва Хитой низ ба террори сиёсӣ машғул буданд. Дар ҳудуди Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорони мазҳаби исмоилиён нисбати донишмандони ислом, муборизаи пинҳониро бо истифода аз ҷисман нобуд кардани рақибони сиёсии худ амали мекарданд.
Дар ибтидои асри ХХ бошад, терроризм ба дараҷаи давлатӣ табдил ёфт. Дар давлатҳои Германия, Италия ва ғайраҳо, ки режими зиддихалкӣ ҳокимиятро дар даст дошт, аҳолии худро бо беқонунияти «буғӣ» намуда, онҳоро доимо зери таъсири тарсу ҳарос ва заифӣ нигоҳ медоштанд. Чунин сиёсати худро ин давлатҳо берун аз ҳудуди мамлакат низ тағйир намедоданд.
Ҳамзамон таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки терроризм ва экстремизм дар он ҷой ва ҳолате пайдо мегарданд, ки ҷомеа гирифтори буҳрони чуқур, дар навбати аввал буҳрони ғоявӣ, мафкуравӣ ва низоми давлативу ҳуқуқӣ мебошад. Дар натиҷа, дар чунин ҷомеа гуруҳҳои мухолифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва дигарҳо пайдо мешаванд, ки барои онҳо қонунӣ будани худи ҳокимияти ҳукмрон ва умуман тамоми системаи идоракунии давлат зери шубҳа қарор мегирад. Дар сурате, ки ин гуруҳҳо ба хулоса меоянд, ки онҳо мақсадҳои худро бо роҳи қонунӣ дастрас намегарданд, онҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳои хеш ба истифодаи зуроварӣ, яъне террори рақибони сиёсӣ, пешвоён ва намояндагони онҳо даст мезананд. Ва дар ин ҳолат мухолифин адолатнокии маънавии куштори дигаронро дар тозагии мақсадҳои худ маънидод менамоянд
ассистенти кафедраи ТБ: Одирматова У. Б