ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Презеденти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид   менамоянд:   ”Терроризм, дин, миллат ва Ватан надорад”.

       Терроризм аз нуқтат назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари ҷиддӣ ба миён меоварад, истифодаи он мақсади  ҷисман бартараф кардани  рақибони сиёсӣ , вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ , тарсондани аҳолӣ  ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Ба масъалаҳои  ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани  сатҳи фарҳангӣ- сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар диққат додан хеле муҳим аст.

    Дар  марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи  душманони миллат  нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди  миллат мебошад. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гўё динӣ гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, бо  амалҳои номатлуби худ нуфузу дастовардҳои миллиро паст зада супоришҳои пешвоён ва сарпарстони хориҷии худро иҷро менамоянд. Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чӣ тавр як тоҷики содаи мусулмони раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд.

       Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо Чумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бўҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва бийнимазҳабӣ   барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Дар Чумҳурии Тоҷикистон  дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўъи чорабиниҳои  сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро амали  Консепсияи  ягонаи ЧТ доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ишѓол мекунад. Мақомотҳои ҳокимияти давлатии ҶТ барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст.

       Ба мо омўзгорон  ва дигар фаъолони чомеа зарур аст, ки  дар маҷрои ҷаҳоншавӣ  бо дарки масъулият истиқлолияти худро  на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона  ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо  таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон , ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳиву ободкорӣ   ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем.

         Барои пешгирӣ намудани воридшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо бояд чораҳои ҷиддӣ андешид. Барои ин методҳои инноватсионии тарбияи ҷавононро мувофиқи пешниҳодҳои Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал бояд татбиқ намуд.

                  Самадова Г

омӯзгори ДКМТ