Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Имрӯз бархе аз ҷавонон аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои нопок мегарданд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои гуногун шомил мешаванд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.
Маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасанд, зеро баланд бардоштани дониши динӣ ва дунявии ҷавонон метавонад, омили паст шудани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад. Табиист, ки илму маърифат, расму оин, марзу бум, забон, ваҳдату сулҳу субот ва муыыадасоти дигар барои баыои ҳар як миллат лозим буда, маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ҳар миллат рушд мекунад. Сулҳу салоҳ дар ниҳод, табиату хислат, хуну пуст ва дину имони миллати тоҷик аз ыадимулаём маыом дорад. Аз ин нуыта равшан аст, ки кулли адёни чаҳонӣ, бахусус дини мубини ислом, ҳама гуна ҷангу низоъро маҳкум ва сулҳу салоҳро тарғибу ташвиы мекунанд, зеро сулҳ дар фарҳанги мо тоҷикон, беҳтарину муҳимтарин василаи расидан ба саодат аст.
Имруз нафаыат ҷавонони, балки баъзе калонсолоне, ки саводи динии хуб надоранд, ҷиҳодро нодуруст фаҳмида, мазмуни онро дар тарконидану нобуд кардани худ мебинанд. Дар ваытҳои охир барои ҳамаи он инсонҳое, ки мехостанд дар байни мардум ҷанг андозанд бо чашми худ дидаанд, ки барои ҳар як шахс чи хел ҷонро аз даст додан мушкил будааст.
Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва барои устувории сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ саҳми худро гузоранд.
Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдиди воқеаҳои дохиливу хориҷӣ бояд дар пояи волоияти қонун мусоидат намоем.
Барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз гароиши ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав моро зарур аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии оливу миёна, касбиву техникӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем. Ба қадри ин тинҷиву оромии ҷомеаи худ шукрона кунем.
Пайи озодию сулҳу ваҳдат камар баста, дар заминаи сиёсати тамаддунпарваронаи Пешвои муаззами миллатамон Тоҷикистони азизро бо як кишвари инкишофёфтаи сайёра табдил диҳем.
Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат мебошад. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гўё динӣ гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, бо амалҳои номатлуби худ нуфузу дастовардҳои миллиро паст зада супоришҳои пешвоён ва сарпарстони хориҷии худро иҷро менамоянд. Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чӣ тавр як тоҷики содаи мусулмони раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд. Агар шахс дониши илмиву дуняви ва сиёси дошта бошад, албатта ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд.
Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёси ва надонистани хуввияти милливу эхсоси ватандустию инсондустӣ окибати рафтори худро дарк накард, ба ин рох мераванд ва ба Ватану миллати хеш хиёнат мекунанд. Барои ин мо бояд чавонони имрузаро дар рухияи ватандустию хештаншиноси тарбия намоем.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гарои ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегардад.
Ҳамчун омузгор , тарбияткунандаи насли ояндасоз бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо омӯзгорон тамоми кушишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, равона сохта, шогирдони сазовори ҷамъиятро ба камол хоҳем расонд.
Сарлаборанти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ
Силмонова С. И.