ХАРИ ИСО ГАР САД БОР БА МАККА РАВАД БОЗ ҲАМОН ХАР АСТ!

Чанде қабл дар телевизионҳо филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд, ки аз лаҳшату ваҳшат ва хиёнати аъзоёни ТТЭ ҲНи ва чанд рӯзноманигори фурӯхташуда қисса менамояд.  Филм воқеан ҳам парда аз чеҳраҳои манфури пинҳонии наҳзатиёни палид бардошт.

Дар қисмати сеюми ин филмнома аз рӯзноманигорон ва хоинони фурӯхташуда низ қисса меравад, ки воқеан ҳам хоину хиёнаткоранд. Яке аз қаҳрамонони  ин филмнома Маҳмадиқболи Садриддин узви ТТЭ ҲНИ ва аз фирориёни бадкеши наҳзатӣ мебошад, ки дар Аврупо қарор дорад. Маҳмадиқболи Садриддин якеаз номҳои ошност, ки ҳамагон ӯро ҳамчун девонаи равонӣ ва афсонабоф мешиносанд ва ҳатто баъзан ҳамчун “кабӯтари сафед” ёд мекунанд, ки лозим намедонам аз ин паҳлӯи шахсияташ сухан кунам. Аммо ҳаққиқат онест, ки дар филномаи мазкур гуфта шуд.  Вале чӣ кунем, ки Маҳмадиқболи Садриддини пастфитрат ва ифротӣ аз дидани ин филмнома девна шуда, раддия навиштааст, ки мисли ҳарвақта боз дурӯғу афсонабофӣ кардааст.

 Охир “дуздиву ғаррӣ пушти думи хар” гуфтаанд, ва ин ҳам хиёнату авбошии наҳзатиён ҳам то кай пинҳон мемонад?

То кай наҳзатиёни палид мардумро гумроҳ карда, сарсон менамоянд?

Маҳмадиқболи касиф ва разил дар раддияи худ ба иштибоҳ роҳдода ё шояд аз сари қаҳру ғазаб бошад, фаромӯш кардааст, ки асрори хонаводогияшро ифшо накунад ва ҳамин аст¸ки чанд ҳақиқатро аз хиёнаткории падару авлодаш ҳам гуфтааст.  Бале, вақте инсон ба ғазаб меояд ва он ҳам боз бесаводу кавдан дигар фаромӯш месозад, ки чӣ мегӯяд? Боке надорад, мардум дубора шинохтанд, ки Маҳмадиқболи Садриддин пайрави падараш асту мисли ӯ хоиниву хиёнаткорӣ мекунад. Ҳамин аст, ки мегӯянд “оқибат гургзода гург шавад”, ки ин албатта бар ҳамин ҳолати Маҳмадиқболи касиф ва разил рост меояд, ки падараш хоину хиёнаткор буд ва ин аст, ки писари ин хонавода ҳам хоину хиёнаткор аст. Маълум мешавад, ки хиёнаткорӣ ва разилӣ барои наҳзатиён ва Маҳмадиқболи Садриддини авбош як пешаи нонёбист ва маълум мешавад, ин касаба барои наҳзатиён авлодисту акнун пушт ба пшут меравад.

Ҳайфи номи инсонӣ ва симои инсонӣ бар хиёнаткорон ва авбошони наҳзатӣ, ки имрӯз ба ҷойи нони  ҳалол хӯрдан ва ҷомаи пок пӯшидан даст ба роҳи осони пулёбӣ задаанд ва ин ҳам бошад, хиёнаткорӣ, ватанфурӯшӣ, ки ба чунин амал танҳо пастфитраттарин инсон даст мезанаду халос.

М. Садриддин низ аз ҳамон пастфитратони наҳзатӣ мебошад, ки барои гумроҳ кардани мардум ва ҷомеа имрӯзҳо талош мекунад ва нақша дорад, ки фармони хоҷагони хориҷияшро амалӣ созад ва ҳамин аст, ки бештар ба нашри маводҳои иғвобарагез ва ифротӣ пардохтааст.

 Дар раддияе, ки Маҳмадиқболи Садрридини касиф ва палид ҳақиқати ҳолро инкор кардан мехоҳад, боз садҳо гуноҳу ҷинояташ ифшо мешавад ва ҷое ӯ худашро мард номидааст, ки ба ин албатта хандаи одам меояд. Зеро як хуносо ва занакнол чӣ тавр метавонад мард?

Дар куҷо дидаед, ки хиёнаткорро мард гуфтаанд? Оё хоин ва хиёнаткорро мард номидан мумкин аст?

Як нуктро бояд зикр намоям, ки бузургон гуфтаанд, ки хиёнаткор на ҷинсият дорад ва ҳувият, яъне хиёнаткор ва хоин аз ҷомеаи инсонӣ нест ва хиёнаткорро одам ҳисобидан аллакай худ иштибоҳ аст. Пас Маҳмаҳмадиқболи кавдан чӣ тавр худашро нашармида мард гуфт, хандаи одам меояд.

Ҳатто худаш тасдиқ мекунад ки дар Афғонистон зистааст ва дигар афсонабофияшро дар бораи падарашу бобояш ростӣ бовар кардан аз беақлист. Зеро инсоне, ки падараш чунин ободкориву созандагӣ карда бошад, фарзандаш ҳаргиз даст ба хиёнаткориву хоинӣ намезанад. Аммо чӣ тавр ки дидем худи Маҳмадиқбол мегӯяд, ки падараш аз муассисони ТТЭ ҲНИ мебошад. ТТЭ ҲНИ бошад бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ва созмонҳои ифротӣ таъсис дода шудаасту мақсаду маромаш дар аввал таъсир расонидан ба идеологияи ҷомеа мебошад. Баъдан бо ин кораш бо сармоягузорони наваш ТТЭ ҲНИ даст ба ҷанги тшаҳрвандӣ заду кишварро ба хоку хун оғушта намуду зиёда аз 160000 қурбонӣ ба ҷой гузошт, ки аз ин Маҳмадиқболи Садриддин ифтихор мекунад ва ҳамин аст дигар чеҳраи ин хоинони разил. Бо куштану мусибат овардан бар сари миллат ин палидон ифтихор мекунанд. Муҳаммадиқболи кавдан аз он ифтихор мекунӣ, ки падарат 160 000 нафар шаҳрванди бегуноҳро ба қатл расонид?

Аз он ифтихор мекунӣ, ки падарат мардумро гумроҳ карду сарсону саргардон сохт?

Маълум мешавад, ки нияти бад, ниҳоди пасти Маҳмадиқболи малъун бар ӯ иҷозат додааст, то бар ҳама ҷиноятҳову ҳаромкориҳову хиёнатҳояш фахр кунад ва ин албатта аз бемории равонӣ будани ин палиди наҳзатӣ шаҳодат медиҳад.

Маҳмадиқболи Садриддин гумоштаи хориҷист ва барои хиёнат бар миллату Ватан маблағ сафарбар шудааст, ки бар ивазаш маблағ мегирад. Фақат ҳамин аст кору амали ин палид ва авбоши наҳзатии малъун. Ҳамин аст, ки мегӯянд “Хари Исо гар ҳазор марта Макка равад боз ҳам ҳамон хар аст”.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ