ХАРИДОРӢ НАКАРД ОИНААМРО ОДАМИРӮЕ… АҲЛИ ЗИЁ ЗИДДИ ТААСУБ ВА ИФРОТГАРОӢ

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

                           Саъди Шерозӣ

 

Тамоми узвҳои бадани инсон аз ҳамдигар вобастагӣ доранд, ки яке аз он узвҳо ба дард ояд ба фаъолияти дигар узвҳо халал ворид менамояд.

         Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамин гуна аст. Дар кадом минтақа, ё мамлакати дунё нооромї, ё ҷанг қарор дошта бошад, он таъсири худро ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонї мерасонад.

Раванди ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҳануз ҳам дар ҷомеъа афроди камсаводу таасубкор ва ифродгаро мавҷуд ҳастанд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат дар паёмҳояшон аз он нигаронӣ мекунанд, ки баъзе гурўҳҳо аз низоми мусоиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сўистифода мекунанд. Ба гуфтаи ў «ифротгароӣ ва таасубу хурофот коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳаӣи маргталабиҳои динӣ, сўистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ин имрўзҳо моро водор месозанд, ки мо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем. Хурофот таассуб, ифротгароӣ ва бесаводӣ ҷаҳолат ва торикист. Ба мардум танҳо бадбахтӣ меорад».

Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ҳаракатҳои ифротӣ бо мурури замон низоми муташаккили сиёсӣ касб кардааст ва онҳо иддаои тағир додани низоми давлатдорӣ дар кишварҳои мусулмониро доранд, зери таъсири ақидаҳои ифротӣ андешаҳои ботил сохтани арзишҳои миллӣ ва дунявии ҷомеа шакл гирифта истодааст. Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ин гурўҳҳо собит сохт, ки ҳадафи онҳо, танҳо Ироқу Сурия нест. «Ҳамаи қувваҳои ифротӣ мекушанд вазъи маънавӣ ва фарҳангиеро, ки ҷомеаи давлатҳои пасошуравиро фаро гирифта буд, пур намоянд ва ҷавононро барои пиёда кардани манфиатҳои манфури худ баръало истифода баранд. Дар ҷомеаи сунатии мо дин мавқеи намоён дорад». Барои ҳамин қувваҳои ифротӣ ба ҷомеа ба шакли дин ворид мешаванд.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, ифротгароӣ) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро ба роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан мебошад.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ, хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Сабабҳои пайдоиши экстремизм ин:

  • сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
  • моддӣ;
  • идеологӣ;
  • хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
  • пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
  • ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
  • хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
  • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
  • дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои мухталиф ва дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад, яъне онҳо ҷонибдори таъсиси давлати фаромиллӣ дар шакли «Хилофат» мебошанд. Фаъолияти онҳо тамоми ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми дунё мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти «Давлати Исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) – ро, ки тамоми Ховари Миёнаро, бахусус: “Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад, таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард. «Давлати исломӣ» – як гурӯҳи тундравест, ки чанд соли пеш аз бадани шуъбаи ироқии шабакаи «Ал-Қоида» ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ «Хилофати исломӣ» таъсис дода, мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои «Давлати исломӣ», аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як  воҳиди бо номи «Хуросон» инъикос ёфтаанд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба самтҳои зерин амалӣ мегардад:

– андешидани чораҳои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти террористи ва экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти террористи ва экстремистӣ мусоидат мекунанд;

– ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

Мубориза бар зидди терроризим ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад.

Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми (ифротгароӣ) байналмилалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Аз ин лињоз, мо вазифадорем, ки  ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватан дўстиву сулҳхоҳӣї ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.

Бо пеш рафтани техникаву технологияҳои муосир ва ҷаҳонишавӣ пешгирӣ кардани роҳи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароӣ душвор шудаааст. Муборизаро бояд ба умқи масъала равона сохт. Тафакури насли наврасро бедор карда, ҷаҳонбинии динӣ ва дунявии ўро фарох бояд кард, ки ҳадафи гурўҳҳои ифротӣ нагарданд.

 Аз ин сабаб ҳар як фард ва шахсиятро зарур аст, ки худро нисбати ин амалҳои номатлуб бетараф нагирифта, бар зидди он мубориза барад. Нагузорем, ки фарзандони мо, ё ин ки ҷавонони диёр фирефтаи чунин гурўҳҳои номатлуб гарданд. Ҳамчунин дастуру супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри пойдор нигоҳ доштани якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон талош варзем.

Сайидои Насафӣ мефармояд:

Тиҳидаст омадам имрӯз аз бозори худбинон,

Харидорӣ накард оинаамро одамирӯе.

 

Исматов Шавкат .муаллими калон , Бойматов Довар . ассистенти

кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерии ДКМТ