ХАНДАНДАГОН ДАР МУШКИЛИ МИЛЛАТ

Ҳоло ҷаҳон дар шароити бӯҳронӣ қарор дорад, тамоми ҷаҳонро пандемияи КОВИД-2019  фаро гирифтааст ва ин маризии ҳамагир ба остони кишвари мо низ қадами номубораки худро расонид, ки аз ин миллат дар хавотирист. Сокинон кишвари моро ин вабои ҳамагир нигарон кардаасту ҳоло ҳама сокинон бар зидди ин вабои аср дастаҷамъӣ мубориза мебаранд ва вазъи мушкиле пеш омадааст. Лек нафароне пайдо шуданд, ки дар ин рӯзи мушкили миллат пушти парда механданд ва ҳоли табоҳи миллатро ба бозӣ гирифтаанд. Дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, то ҳамин хандандаҳоро ошкор созанд ва дар шинохти хоинони миллат, ки худро гоҳе “ҳомии миллат” муаррифӣ мекунанд, саҳме бигузоранд.

Нахустин чизе, ки дар мақолаи мазкур  ба чашм мерасад ин кӯшише дар шинохти душманони миллат мебошад, ки дар мақола хеле хуб ва баҳогузорӣ аз ҳолат арзёбӣ шудааст: “Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.

  Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.”  Акнун мешавад ин бахтбаргаштагонро “Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин” як порае аз маймунсифатии инсоният гуфт ё доғе аз фарзанди инсон. Аммо ин тоифаро барҷид инсон номидан ҳам нашояд. Зеро “аъзои ин гурӯҳак, зоҳиран  одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди вожаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касали онҳо авлодӣ аст.

  Афсус, бойгоние нест.  Бухорои шариф ба ин мартаба нарасид. Агар тасаввур ҳам кунем, ки чунин бойгоние ҳаст, дафтари аъмоли ҳафт пушти ақаллан ҳамин гурӯҳи шашгонаро бояд меомухтем. Дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгу, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад».”

Аммо суоли матраҳ дар он аст, ки ҳамин тоифаи бенангу номус ба кадом миллат мансубият доранд?

Дар мақолаи мазкур муаллифон  талош варзидаанд, то аз шинохти шахсият ва характери инфиродӣ мансубияти ин тоифаро бар миллату халқияте рабт диҳанд. Аммо ба гумони равшан сад дар сад метавон ҳадс зад, ки ин масъала роҳи ҳалли худро ба ин тартиб нахоҳад ёфт. Зеро далелҳои муътамадкунанда ва ифшосозандаи қалби сиёҳи ин тирамағзон дигар аст. Чуноне, ки гуфтаанд: “Кабирӣ – ҳанноти беморхонаи сироятии ҷумҳуриявист, ки ин муассисаро бо 10 га замини атрофаш фурухт. Пиромуни ин ҳаннотии ӯ даҳҳо бор дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксу ҳуҷҷатҳои марбута мақолаҳо ба нашр расидаанд. Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи  эътирофгардида аст. Қиссаҳои шаҳватрониҳои  ӯ бо расвотарин хонумҳое, ки ному насабу аксҳояшон дар интернет бо худиқрории худи Кабириву он фоҳишаҳо маълуму машҳур аст, ба мардум расидааст. Истаравшанӣ (Саид Юнус) бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо ҷурми даст доштан дар хариду фуруши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Аз як эътирофи худи Истаравшанӣ, ки гуфта буд: «Бобои ман босмачӣ буд!», чи гуна одам будани ин ҷонвар дақиқан муайян мешавад. Ақаллан ба ёд биёред далелҳои таърихие, ки дар китобҳои бузургвори миллати тоҷик Устод Садриддин Айнӣ дар бораи босмачиҳо омадааст. Баъд онро ба ақидаву биниши ин пасмондаи босмачиҳо муқоиса кунед.  

На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш (падар дар Полша ҷон дод, писар дар Фаронса, ки он мулк на раводид мехоҳад на иҷозат. Билети Маскав-Душанбе барои Кабирӣ як саду панҷоҳ доллар меистод, нархи  поезди Париж-Берлин барои Муҳаммадиқбол ҳаштоду панҷ евро).” Пас аз мутолиаи ин далел ва ин ҷумалот дар дили инсон тарсу ҳарос пайдо мешавад, ки ин тоифаро аз зоти одамӣ хонад. Аммо барои таърих аз шинохти ин тарбиянадидагон сафҳаҳое боз хоҳад шуд, шояд садсолаҳо барои шинохти террористону бадкешон ҳамчун манбаи умумиҷаҳонӣ истифода шавад.

Ҳоло дигар баҳси ин ё он не, сиёсату сиёсатбозӣ не, балки шинохти инсониву дарки ҳолат зарур буд, ки мо дар ин вазъ аз душманон шинохти хубе бо пайнавишти мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” пайдо намудем ва ҳатман ҳоло суоле ин ҷо сар мезанад, ки  тоифае, ки ному насаби тоҷикиро ба худ гирифтаанд,  оё нангу номуси инсонӣ доранд? Шинохт аз виҷдони инсонӣ ва фалсафаи вуҷудро доранд?

Пас, ҳоло ин харзодаҳои наҳзатиро мешавад, хандандагон дар рӯзи мугкили миллат гуфт ва душмании бадтарин хонд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ