Дар замони муосир эҳсоси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падарону модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дӯши давлат ҳавола гардидааст». Масъалаи бегонапарастии бархе аз ҳамватанон, тақлид ба фарҳанги бегона, хоса ба либоси бегона, сабабҳои худро дорад. Чунин тақлидкориҳо бегонапарастии бархе дур будан аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ, камогоҳӣ аз таъриху адабу фарҳанги бостонӣ сабабҳои худро дорад. Мо имрӯз дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои серодам фурӯши фиттаҳои тарғибгари фарҳанги бегона, адабиёти таассубӣ, филмҳои туркию арабӣ, сурудҳои хориҷӣ ва ғайраро мебинем, вале хомӯшем, ба ҳамаи онҳо беэътиноӣ, бетарафӣ зоҳир мекунем. Дар бозорҳо фиттафурӯшон сурудҳои хориҷиро баланд мемонанду чизе намегӯем. Намеандешем, ки фиттафурӯш фарҳанги бегонаро тарғиб карда истодааст ва ташвиқоти фарҳанги ғайр мисли маводи дертарканда ба мағзу майнаи ҷавонон ҷойгир мешавад. Инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо доранд, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад.
Абдурофеъ Ҳошимов, омузгори ДКМТ