Имрӯз агар ба масъалаи рушд ва муваффақияти сиёсӣ ва ё иқтисодии кишварҳо таваҷҷуҳ намоем, бешак метавон гуфт, ки бо он собиқаи бисёр ҳам вазнини ҷангӣ танҳо Тоҷикистон тавонист, ки ба ин ҳадд рушд ва тараққиёт расад, назар ба собиқ давлатҳои пасошӯравӣ. Албатта аз ин ҷиҳат Русия истисно мебошад, зеро кишвари Русия ҳамчун давлати марказӣ дар замони иттиҳоди шӯравӣ тавонист, ки барои худ захира ҷамъ созад ва ба таназзули иқтисодӣ наафтад. Аммо дар Тоҷикистон ҳарчанд бо ҳамон мероси ночизи шӯравӣ ҳам мешуд, корро пеш бурд агар ҳамин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ намешуд. Ҷанг комилан тамоми соҳаҳои давлатдориро фалаҷ гардонид ва аксарияти корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ё аз кор монданд ва ё ба коми оташ фурғ рафтанд.
Вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоӣ хеле нигаронкунанда буд ва дар як муддати кӯтоҳ ба ин дараҷаи имрӯзӣ расидани кишварро касе пешбинӣ намекард. Лек Сарварди хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаётро дар кишвар ба сатҳи олӣ бирасонанд. Имрӯз дар сатҳи сиёсӣ бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон робитаи дипломатӣ дорад, бо зиёда аз 100 давлати дунё робитаи тиҷоратӣ барқарор намудааст, ки маҳсулоти кишварро метавон дар он давлатҳо пайдо намуд.
Ин ҳама бо заҳматҳову талошҳои пайдарпайи Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст ва бояд ин имкониятро аз даст надод.
Душманону нотавонбинони миллати тоҷик кӯшиш мекунанд, ки ҳар як пешрафти кишварро нодида гиранд ва ба чашми миллат хок зананд. Наҳзатиёни касиф ва палид, ки имрӯз дар Аврупо маскан гирифтаанд, ҳар як пешрафту рӯйдоди кишварро мавриди тамасхур ва таън қарор медиҳанд, ки ба ҷуз душман дигар касе ба чунин кор қодир нест.
Наҳзатиёни разил бо роҳбарии тирасари хоин Кабирии палид кӯшиш мекунанд, то дар ҳама маврид як баҳона ва як дурӯғро пеш оранд. Онҳо ҳатто аз сафари охири Роҳбари давлат ба Аврупо ҳам ҳангома сохтанд ва чӣ қадар ахбори дурӯғро нашр карданд. Аммо ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Зеро ин тоифаи наҳзатии лаин ва касиф, ки дар мағзашон фақат хиёнат ва разолат ҷой гирифтааст, ба ҷуз душмани ба миллат ва гумроҳсозии он дигар коре надоранд.
Ҳамагон хуб медонем, ки наҳзатиёни хоин бо фармони хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд ва мақсади асосияшон ҳам несту нобуд кардани миллат мебошад. Ин тоифаи бадзот аз рӯзҳои нахустини истиқлолияти кишвар ба чунин ният фаъолият менамуданд ва як маротиба кишварро ба ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ ҳам гирифтор намуданд. Зеро он вақт наҳзатиёни палид ва лаин бо роҳи гумроҳ намудани миллат, кишварро ба хоку хун кашиданд, аммо имрӯз ҳам мехоҳанд ҳамон таҷрибаро идома диҳанд.
Ин наҳзатиёни тирасар ва сагмиҷоз ба ҷуз аз роҳи бад рафтан ва бад кардану хиёнат намудан, дигар коре аз дасташон намеояд ва барои ҳамин ҳам хоҷагони хориҷияшон инҳоро мехӯронанду мепӯшонанд, то рӯзе ҳамон воқеаҳои солҳои 90-умро такрор кунанд, то рӯзе бар миллати тоҷик хиёнат кунанд, то рӯзе ин миллатро гумроҳ кунанд…
Бояд қайд кунам, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳарчанд дар мисоли дигар ташкилотҳои террористӣ фаъолияти бештаре доранд ва аз таҷрибаи мактабҳои бузурги террористӣ гузаштаанд, лек ҳамоно ҳадафашон миллати тоҷик аст ва мехоҳанд ба ин миллат хиёнат кунанд, ки нишон аз ҳамон як бадзодиву бадкешии ин тоифаи разил мебошад.
Меҳвар Абдусаломович
омӯзгори ДКМТ