ФИРИСТОДА БОЯД КИ ДОНО БУВАД…

Феълан  дар шаҳри Варшава Конфронси солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ҷараён дорад. Аз ду ҳафта як ҳафтаи он гузашт. Ҳарчанд  то натиҷагирӣ ҳанӯз дур аст, аммо аз ин ҳафт рӯз ҳафт нуктаи муҳимро яке аз  аъзои ҳайати расмии Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло РАҲНАМО дар саҳифаи Ховар ёддошт намудааст, ки аз он ёдовар шудан бамаврид аст. Ӯ дар масоили ширкат ва умуман шакл гирифтани як гурӯҳи ифротӣ чанд нуктаи ҷолиберо меофарад, ки наҳзатиёни аблаҳ ҳадди ақал бояд одоби инсониро риоят кунанд ва донанд, ки он ҷо ҷаласа аст на майдони тамокупарварии девонаҳои наҳзатӣ. Бо ёдоварӣ аз Абдулло Раҳнамо ин ҷо навиштаҳошро мехонем,  аз ҷумла:   

 

Дуюм. Ҳайати расмии Тоҷикистон ба ин нишаст аз оғоз нигоҳи корӣ дошт: ҳайати давлати узви САҲА маҳз ҳамчун ҳайати давлат ва дар сатҳи дархури давлат ҳузур ёфт. Таркиби он низ аз афроди босалоҳият ва коршинос дар масъалаҳои рӯзномаи конфронс фароҳам шуда буд ва ҳар кас дар бахши худ соҳиби масъулият, салоҳият, назар ва тахассус аст.

Бар хилофи ҳангомаҳои расонаӣ, ҳузури ҳайати ҳукумат на посухе ба ҳузури мухолифин буду на барои посухгӯӣ ба назари онон. Музокираву баҳсу мунозираю ҷадал бо онҳо низ дар дастури кор набуд. Буду набуди ин афрод дар ин нишаст мавриди таваҷҷуҳи ҳайат қарор надошт. Дар тӯли ҳафта, ҳам сиёсати давлат гуфта шуд, ҳам воқеияти ҷомеа нишон дода шуд, ҳам баъзе тасаввуру маълумотҳои ғалати ҳозирин ислоҳ шуданд. Дар ҳафтаи аввал ҳайат дар анҷоми рисолати худ комёб буд.

Аммо ҳайат рӯи турш надошт. Шахсан банда дар доираи фарҳанги миллию одоби тоҷикӣ бо ҳар ҳамватане, ки дар толору роҳрав рӯбарӯ шудам, бо ҳар касе, ки симои тоҷикӣ дошт, бо дидаи боз салом гуфтаму эҳтиром гузоштам. Чи бо мухолифини шинохта ва чи бо ҷавонони сершумори ношинос. Ва агар фурсате пеш меомад, ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун муаллим самимона назари худро гуфтаму ин ҷавононро ба ҳифзи обурӯи миллат ва суботи кишвар даъват намудам. Баъзе аз онҳо аз салому эҳтироми банда дар шигифт буданд ва беихтиёр муштҳои гиреҳхӯрдаашонро сар медоданд, аммо ман ҳеҷ хиҷолат надоштам, ки салом гӯяму ҳарфе аз ватан занаму паёме аз мардуми худро расонам. Ман саршор аз ифтихор будам, ки аз кишвар ва аз миллат омада будам ва эҳсос мекардам, ки чунин ҳаққи маънавӣ дорам.

Дар лаҳзаи рӯбарӯӣ бо афроди мухолиф намунаи пеши рӯи банда фарҳанги сиёсӣ ва одоби тоҷикии Пешвои миллат буд, ки дар раванди сулҳи тоҷикон борҳо шоҳид будем: он вақт гарчӣ дар Тавилдараву Рашт ҷанг мерафт, Пешвои миллат бо табассуму рӯӣ кушод аз мавқеи ватандорона истода, мухолифонро ба бозгашт ба меҳвари арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ даъват менамуданд: «Домулло, бас будагист акнун, баргардед ба Тоҷикистон, ватанро обод кардан даркор…».

Сеюм. Афроди мухолифи давлат низ дар ҳамоиш ҳузури васеъ доштанд, шояд беш аз 60 нафар худро дар ин «шаҳри бедарвоза» бо ин ном сабт карда буданд. Фақат ҳайати «Гурӯҳи 24» ба маълумоти худашон аз 21 нафар иборат буд. Наҳзатиҳо ҳам дар долонҳо доира-доира менишастанд. Муҳоҷиру ҷавонону ислоҳоту паймону мустақилу ғайра низ буданд. Ман то имрӯз чунин тасаввури амалӣ надоштам, ки байни афроду гурӯҳҳое, ки мо аз дохил ба таври яклухт «мухолифон» мепиндорем, ин қадар ихтиофу парокандагӣ ҷой доштааст. Аксар ба ҳамдигар салом намекарданд, дар аввалин фурсат ҳамдигарро дашном медоданд, ҳама ҳамдигарро бо лақабҳое, ки ман инҷо навишта наметавонам, ном мебурданд, ҳама худро ҳаққу дигарро ноҳақ медонистанд… Бисёриҳо ҳамдигарро гумоштаву намояндаву лоиҳаи ин ё он кишвару хадамот тасаввур мекарданд. Масалан, ҳанӯз Иззат Амон аз Москва нарасида буд, ки мухолифин ӯро ҳамчун рақиби нави худ дар саҳнаи танги мухолифат бо теғҳои тез интизор буданд ва дар бораи тарҳи наву қадами навбатии ӯ даҳҳо фарзия мепароканданд…
Ҳатто афроди узви як гурӯҳ бо ёфтани фурсат ҳамдигарро сиёҳ мекарданд. Муҳит пур аз сиёҳӣ буд. То ба ҷое хиҷалатбор буд, ки мухолифи кӯҳанкору собиқадор, роҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи худ чунин ҷумлаи пур аз дарду ишораву маъно навишт: “Аввалин бор аз оппозитсия будани худ шарм кардам!” Бо ин ҷумла ҳама чиз гуфта шуда буд.

Чорум. Шеваи рафтору гуфтори намояндагони гурӯҳҳои мухолифин низ шоиста набуд. Ин гурӯҳҳо бисёр бечеҳраю бешахсият шуда, ҳар яке чанде аз  ҷавонони 20-25 соларо ба саҳна оварда буданд, ки ҳаргиз сатҳу салоҳияти мухолиф буданро надоштанд. Онон на андешаеро намояндагӣ мекарданду на мавқееро ифода менамуданд. Онҳо дар ин муҳит ду нақш доштанд, ки якум, бояд дар роҳравҳо ва ҷаласаҳо нисбати касоне, ки аз Тоҷикистон омадаанд, беадабӣ, таҳқир, писханд ё фитна созанд, дуввум, навбати сухан гирифта, матнҳои пурғалати пур аз дурӯғу туҳматро бо азоб ба аҳли нишаст хонда диҳанд. Саҳнае хиҷолатбор буд. Ва ҳунари дигаре, ки ба ин ҷавонон омӯхта буданд, сабти пинҳонии рафтори тоҷикистониён буд. Нишастан, роҳравӣ, хӯрокхурӣ ва ҳато ҳоҷатхона рафтани намояндагони Тоҷикистонро ба навор мегирифтанд. Ман аз чанд нафари онҳо самимона мепурсидам, ки Шумо, як бачаи ҷавон, ин фанни ҷосусиро аз куҷо омӯхтед? Ва наход сатҳи «мухолифин» ҳамин бошад? Охир Шумо даъвои ислоҳоту қудрат доред!

Хулоса, чанд авбошу ҷосусро ба ҳамоиши САҲА ворид намуда буданд, ки чеҳраи мухолифинро муаррифӣ намоянд. Бале, ҷое, ки дигар ҳарф нест, барнома нест, гуфтанӣ нест, ҳамин шеваи фитнаву найрангу таҳқиру ҷосусӣ пеш меояд…

Албатта, зуд рӯшан гашт, ки мақсади ин сабтҳо таҳқири намояндагони Тоҷикистон ва фишори равонӣ ба онҳо будааст. Рӯзи дуввуми нишаст телевизони “САТV” ҳудуди даҳ дақиқа навори таъомхӯрии Домулло Абдурраҳим Каримовро намоиш дод, ки пинҳонӣ сабт шудааст. Он хӯрокхурии маъмулӣ буд, чизе ки аз ҳар яки мо ва падару модару бобои ҳар яки мо метавон сабт кард. Аммо нисбати марди 70-сола чунин рафтор намудани ҷавонони 20-25-сола ба ҷуз беадабию бетарбиятӣ маънои дигаре надошт. Ё намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, марди 67-сола Камолҷон Самиев бо ҳайрат изҳор медошт, ки ин гурӯҳи ҷавонон ҳар рӯз ҳар боре, ки аз наздаш гузаранд, шахсияти ӯ ва хоса тоқии тоҷикии ӯро бисёр густохона таҳқир мекунанд. Хулоса, бо мушоҳидаи ин саҳнаҳо, банда худро бисёр миллитару исломитару мусулмонтар аз ин навмиллиёну нависломиён эҳсос мекардам…

 

Дар ҳошияи ёддоштҳои ин коршиноси сиёсӣ ҳаминро илова карданиям, ки вакили анҷуман бояд нафари солимандеша ва  воқиф аз фарҳанги сиёсӣ бошад.

Тавре Абдулқосими Фирдавсӣ мефаромояд:

Фиристода бояд ки доно бувад

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

 

                                                                        М. Мирзомуйдинов,

                                                                       мудири кафедраи таҷҳизоти

                                                                       мошинсозии ДКМТ