Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ номзади илм, муҳтарам Насриддинов З.З имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо ду нафар магистрон: Хуршеди Шукрулло ва Охунов Мещрубон, ки дар Донишгоҳи Сиан таҳсил мекарданд ва тоза аз он ҷо баргаштанд, вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот донишҷӯён аз ҳаёти донишҷӯӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва имкониятҳои таҳсил сухан ронда аз пешрафтҳо ва тавофутҳои барномаи таълимӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаи сатҳу сифати зиндагӣ ва имконияти шаҳрвандони кишвар дар ҷумҳурии ҳамсоя сухан ронда, донишҷӯён арз намуданд, ки барои сокинони кишвари мо дар Ҷумҳурии халқии Чин имконияти бештар фароҳам оварда шудааст ва меҳмонон аз бартариятҳо бархӯрдоранд.
Донишҷӯён ҳини суҳбат бо муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов З. З иброз доштанд, ки вобаста ба сарсусадоҳои бемории навпайдо (Тоҷвирус) дар кишвари ҳамсоя воқеан ҳам мубориза пурзур карда шудааст ва хушбахтона ягон нафар аз фиристодаҳои Донишкада ба ин беморӣ мубтало нагардидаанд ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар назди Вазаротаи саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо донишкадаву донишгоҳҳои зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки ҳамасола ба муассисаҳои олии ин кишварҳо табодули донишҷӯён сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба ҳодисаҳои охир дар Ҷумҳурии мардумии Чин Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба Донишгоҳи нафту гази ин кишвар номаи тасаллият ва зиёда аз 3000 рӯйпӯш тақдим ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристод, ки ин ҳам як навъ ғамхорӣ нисбати ҳамтоён мебошад.
Шуъбаи иттилооти ДКМТ