ФИРЕБХӮРДАГОНИ ҶАВОН ДАР ИҲОТАИ ТЭТ

Ба чеҳраҳои ҷавони ҷавонон нигариста, бори дигар эҳсос менамоӣ, ки аксарият дар раҳи ғояҳои ҳизбу маҳзаби бегона ба доми фиреб афтидаанд. Чунки алъон, масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ  мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки  чаро онҳо ба доми «хоҷагон»-и хориҷӣ меафтанд?

Ин ҷо чанд омиле мавҷуд аст, як сабабаш фирефтаи пулу мол шудан ва ба ваъдаҳои беохири онҳо бовар карданашон бошад, сабаби дигар ноогоҳӣ ва дур будани онҳо аз ислом аст.

Ба ҳамаи ҷавонони арҷманд ва азизи миллати тоҷик муроҷиат намуда иброз медорам, ки имрӯзҳо хадамоти  ҷосусии ғарб бо сарварии ИМА, Англия, Франсия, Германия ва дастгирии шайхони араб бо мақсади аз ҷавонон бо истифода бурдани дини мубораки ислом мехоҳанд манқуртҳоеро ба вуҷуд оранд, ки онҳо ба ғайр аз хӯҷаи худ на падар, на модар, на бародару на хоҳар, на миллат ва на давлати худро мешиносанд.  Тасаввур кунед, ҷавоне, ки нав мактаби  миёнаро хатм кард ва ба хориҷа (асосан ба Русия) ба кор рафт, вале дар он ҷо барои худ  шуғли муносибе наёфт, дарҳол ба доми фиреби гумоштагони хориҷии соҳибтаҷриба меафтад. Зеро барои вай пул лозим аст, дар хона зану фарзандон ё волидонаш интизори маблағи ӯянд. Чӣ бояд кард, аз куҷо кор ва маблағ ёфт? Дар чунин лаҳзаи ҳассос гумоштагони таҷрибаманди давлатҳои хориҷӣ ба «ёрдами» ин ҷавонон меоянд.  Бо суханҳои пурдабдабаи «ба дини ислом хизмат кардан савоб аст, бояд душманони  дини ҳақро аз рӯи замин нест кард, агар дар ин ҷода ҳалок шавӣ, шаҳид мегардӣ ва ҷоят ҷаннат мешавад» ва монанд ба ҳамин  сари чунин ҷавононро гаранг кардан кори саҳл аст. Аз тарафи дигар, ваъдаи маблағҳои калон ва як қисми онро пешпардохт кардан ҷавононро водор месозад, ки дарҳол ба шарту шароити ин «хоҷагон» бовар кунанд. Чунки мақсади инҳо  аз муҳоҷират маблағ пайдо кардан буд. Вақте  ки дар Русия барои худ кори муносиб  пайдо накарданд, хоҳу нохоҳ  ба ин таклифҳо розӣ мешаванд.

Пас аз қарори қатъи фаъолияти ТЭТ ҲНИ намояндагонаш бо даъвоҳои беасос ва номаҳои бӯҳтонангез тарафи миллати мо садо баланд карда истодаанд. Аммо ин се чаҳор сол ва боз чанд соли дигар дасисабозӣ мекунанд? Охир мақоле ҳаст, ки “Давидани ҳар гӯсола то коҳдон” гуфтаанд. Мо ҳама хело хуб медонем, ки ҳизбро ташкил кардан маънои даъвои курсӣ кардан аст.  Як бор ҷавонони арҷманд  андеша намоянд ва бинанд, ки аввал ТЭТ ҲНИ-ро номнавис карда, фаъолият бурда имрӯз симои террорист ва экстремист будани худро нишон дода дар дохили кишвари ободу озоди мо  ба чӣ гуна амалҳои ноҷавонмардона даст задаанд, ки дар натиҷа боз модари точик бефарзанд монд,  боз фарзандони бегуноҳи тоҷик ятим монд, боз зани тоҷиқ  бешавҳар монд, ин аст амали ба ном “дӯстдорони ислом”. Аз ҳамин лиҳоз ба наҳзатиҳои “исломдӯст” гуфтанӣ ҳастам, ки агар дӯстдории наҳзатиҳо ҳамин бошад, нафрату мардуму ғазаби Худоро гирифтор мешаванд ва аллакай инҳо лаънатзадаи мардум гаштаанд ва ҳамаи моро Яздони пок назорат мебарад, ки бандагонаш дар чӣ амаланд.

Онҳо бояд тавба намоянд ва аз бузургон ато биталабанд, зеро аз хурдон хато, аз бузургон ато.

 

Шокир Хӯҷамов,

ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ