ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ” ХИЁНАТКОРОНРО ФОШ СОХТ

Филми «Хиёнат» бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат гумоштаҳои абарқудратҳо ва душманони миллати тоҷик ба хотири несту нобуд сохтани давлати миллӣ ва аз байн бурдани миллати тоҷик ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломро ташкил кардаанд, ки мақсаду маромаш гумроҳ намудану фиреб додани миллат ва амали гардонидани мақсадҳояшон будааст.

Ҳамгуна, ки дар филм шоҳидони ҳодиса қисса менамоянд, наҳзатиёни палид ба хотири амлаӣ гардонидани фармон ва нақшаҳои хоҷагони хориҷияшон ба тоҷиккӯшӣ пардохтаанду дилу нияташон ҳам аз байн бурадни миллати тоҷик будааст.

Ҳамон гуна, ки беҳтарин чеҳраҳо ва зиёиёнро ба қатл расониданду ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдаанд ва кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало сохтаанд. Ин наҳзатиёни палид ва террорист имрӯз ҳам талош мекунанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд, лек филми “Хиёнат” моро ҳушдор медиҳад, то дубора ба гирдоби бало наафтем.

Дар ҳақиқат он солҳо наҳзатиён бо фармони хоҷагони хориҷияшон мехостанд, то бар миллати тоҷик хиёнати бештарро раво бинанд ва аз ҳама зиёдтар ҷомеаро ба гумроҳӣ кашанду миллати тоҷикро ба нестӣ баранд. Мисле, ки имрӯз ҳам дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурда, талош мекунанд, то тоҷикон фирефта гардида гумроҳ гарданд.

Фаромӯш набояд сохт, ки миллати тоҷик ҳаргиз душманонашро намебахшад ва ҳаргиз ба наҳзатиёни палид раҳм нахоҳад кард, чунки онҳо теша бар решаи миллат задан мехостанд.

Давлатов Д.

омӯзгори ДКМТ