ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ” АЗ САҲИФАИ ТАЪРИХ ГУФТ

Дар филми ҳуҷҷатии  «Хиёнат» қисми 5 кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизби собиқ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

          Терроризм ва ифротгароӣ асоси маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа ва тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Бо дар назардошти сӯиистифода аз арзшҳои исломӣ ва гумроҳ намудани мусалмонон аксари гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ зери шиорҳои исломӣ мақсадҳои ғаразноки худро роҳандозӣ намуда истодаанд. Тавре, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд. “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Қобили зикр аст, ки пайдоиши ин гуна гуруҳҳо ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба оғози равандҳои ҷаҳонишавӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Пас бидуни шубҳа ифротгароӣ ва терроризм натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ арзёби мегардад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ барои пайдоиши ташкилотҳои террористӣ ва ифротгароӣ имконияти васеъ фароҳам оварда, бо суистифода аз ин раванд ва дастовардҳои он тарзу амали нав ба нави ҷиноятҳои террористӣ содир мегардад. Андешаи мазкур исботи худро дар суханронии Сарвари давлат ёфтааст: “Дар натиҷаи амали гардидани сиёсати ҷаҳонишавӣ на фақат зиддиятҳои байни тамаддунҳои олам, балки амалиётҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, хислати тақрибан глобалӣ касб хаҳанд кард”. Баъзе созмону ҳизбҳои бо ном исломӣ на ба хотири Худо ва на ба хотири ислом амал мекунанд, балки дар ниқоби ислом ба иҷрои ҳадафҳои пасипардагии хоҷагони хориҷии худ машғуланд. Онҳо дини мубини исломро бо терроризму экстремизм бадном мекунанд. Дар шарои кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

           Мо аҳли кормандони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ таҳиягарони филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро дастгирӣ менамоем. Зеро, ки онҳо тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизби собиқ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

Юсупов Х.М.

Мудири кафедраи

иқтисодиёт ва идоракунӣ