Ҳоло ҷомеаро бояд аз ҳама гуна хатарҳо ва ҳама гуна гурӯҳҳо ва фаъолияти манфиатхоҳон, ки мақсаду маромашон душманӣ бар миллату давлат мебошад, бояд огоҳ гардонид. Таҳия намудани чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ ба монандӣ “Бешарафӣ” ҷавононро аз гумроҳшавӣ ва фирефта гардидан боз медорад.
Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”, ки дар бораи зиндагӣ ва шахсияти аслии Муҳаммадиқболи Садриддини хоин ва узви ТТЭ ҲНИ қисса мекунад, боз ҷомеаро аз палиду бешараф ва хоин будани М. Садриддин огоҳ сохт ва чунин филмҳо бояд бештар дар бораи хоинони миллати тоҷик таҳия карда шаванд.
Филми ҳуҷҷатии мазкур бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат ҳам шахси номусфурӯхта бешарму бешарафгардида, барои обрӯву шахсияташ заррае ҳам фикр намекунад. Филми мазкур бори дигар исбот кард, ки хоин ва бешараф аз ягон амали зишт рӯ намегардонад.
Давлатов Давлат,
омӯзгори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон