Дар филми “Хиёнат”таҳиягарони филми мазкур оид ба амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиҳои манфур маълумотҳои заруриро ба навор гирифтаанд . Дар он парда аз рӯи ин ашхоси душмани миллати тоҷик бардошта шудааст.Дар филми мазкур амалҳои террористию экстремистӣ ва хиёнаткоронаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба таври возеҳ ошкор карда шуда,собиқ аъзоёни ин ҳизб оид ба амалҳои ноҷавонмардонаи роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизб маълумоти мушаххасе медиҳанд. Ин филм барои ҳар як фарди тоҷик хусусан ба насли ҷавон як дарсест,ки будани наҳзатиёнро нишон медиҳад ҳоло онҳо амалҳои хунхоронаи худро аз хотир бароварда , дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанду аз номи дини ислом баромад кард, ки масхарабозиро мемонад.
Дар асл бошад, мақсади асосии онҳо ин ғасби ҳокимияту мансаб ва ба ҷаҳолат гирифтор кардани миллати тоҷик мебошад. Аз наворҳои филм маълум аст,ки наҳзатиҳо бо роҳбарии хоҷаҳои хориҷиашон пешқадамтарин ҳамватанони мо ҳуқуқшиносу духтурон,олимони барҷастаю рӯзноманигорони баору номуси миллати тоҷикро ба қатл расонида,боз худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳомии дини ислом ва миллати тоҷик нишон медиҳанд.
Шахсе,ки ба миллати хеш хиёнат мекунад ҳуқуқи аз номи он баромад карданро надорад . Ҳар як фарди ҷомеа бояд аз ин гуна ашхоси дурӯя канораҷӯи намояд , дар ҳолати баръакс ӯ низ фирефтаи дасисабозиҳои нави онҳо мегардад.
Ғафоров С.Ҷ.
омӯзгори калони кафедраи ФТИ