Ёдрас мешавем, ки ба наздикӣ филми мустанад ё ҳуҷҷатии “Хиёнат” манзури тамошобинон гардонида шуд, ки аз 3 қисмат иборат асту дар бораи хоиниву хиёнаткории роҳбари ТТЭ ҲНИ М, Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони хиёнаткораш сухан меравад. Филми мазкур бештар ба далелу арқоми мавҷуда таваҷҷуҳ карда, ҳамаи далелҳои овардааш дар бораи хиёнаткориву разилб ва душмании наҳзатиён бар миллати тоҷик радношаванда ва амиқ мебошад.
Филми “Хиёнат” барои ошкор намудани чеҳраи аслии хоинони миллат, ки то кунун зери ниқоб фаъолият мебурданд, саҳми бузург гузошт. Дар филми мазкур кӣ ва чӣ кас будани наҳзатиён, хизматгори кадом хоҷа буданашон бараъло инъикос гардидааст, ки тамошобин бо як дидан дар бораи душманони миллати тоҷик, аъзоёни ТТЭ ҲНИ маълумоти кофӣ пайдо менамояд.
Ҳамчунин дар филми “Хиёнат” аз хиёнаткории наҳзатиён, нақшаву ниятҳояшон барои анҷом додани амалҳои террористӣ худи аъзоёни ТТЭ ҲНи сухан мекунанд, ки ин бисёр ҳам саҳнаи ҳузнангез аст. Зеро наход дар ҳамин сарзамин таваллуд шавиву дар ҳамин Ватан ба воя бирасиву боз барои содир намудани амалҳои террористӣ дар он нақша бикашӣ?
Магар ин аз рӯйи виҷдони одамӣ дуруст аст?
Оё инсон то бад ин ҳад носипос аст, ки бар алайҳи миллату ватани худ муборизаи душманона барад?
Воқеан вақте аз чунин аъмоли зишт ва ғайриинсонии наҳзатиён огоҳ мешавед, аз одам будани онҳо шубҳа мекунед. Чунки дар ягон ҷойи дунё дар ягон гӯшаву канори олам чунин нашудааст, ки нафаре бар алайҳи миллату давлати хеш чунин хиёнатро раво дида бошад ва он ҳам боз бар нафъи кишвари бегона! Воқеан наҳзатиён тавре, ки дар филм гуфта мешавад, барои хоҷагони хориҷияшон худро ҷонфидо намудаанд, то маблағи бештаре ба даст оваранд, лек фаромӯш кардаанд, ки онҳо бо ин корашон шармандаи ҳарду олам гардиданду дигар касе онҳоро ба инсони солим баробар намекунад ва агар бикунад ҳам мардони фоҳиша мегӯяду халос.
Воқеан ин амали наҳзатиён махсусан М. Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш рафтори зани фоҳишаро мемонад, ки ба хотири ду танга аз баҳри тамоми ҳастияш мегузораду номусашро ба фурӯш гузошт, ки ин амали ҳамешагии наҳзатиён мебошад. Вале чӣ кунем, ки наҳзатиён худро чунин лӯхтаки дасти хоҷаҳои хориҷияшон кардаанду имрӯз аз ҳисоби хиёнат бар миллату Ватан зиндагияшонро пеш мебаранду худро зери ниқоб гоҳ ба мардум дӯсту гоҳ донишманд муаррифӣ кард, то ҳадафҳои нопоки душманонаашонро амалӣ гардонанд.
Албатта, дар филми “Хиёнат” аз бисёр паҳлӯҳои барои ҷомеа пинҳони наҳзатиён гуфта шудааст, ки метавон онро як навъ шикасти девори дурӯғи наҳзатиён унвон кард.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ