Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дида мешавад, ки чӣ тавр маводи паҳнкардаи душманони миллат аъзоёни ТТЭ ҲНИ , ки ҳадафи асосии онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ҷомеа мебошад, чӣ тавр ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған рехтааст. Дар он солҳо ҷавонони гумроҳи наҳзатӣ зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гўё динӣ гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ даст зада, миллатро хору залил намуда, супоришҳои хоқагон ва сарпарстони хориљии худро иљро менамуданд, ки ин хиёнати бузург мебошад.
Наҳзатиёни хоин бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим, таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чӣ тавр як тоҷики содаи мусулмони раҳгумзадаро ба доми худ афтонанду террористи комил созанду бар алайҳи миллат биҷангонанд ва ин албатта як амали зишт ва хиёнати бузург мебошад.
Дар ду кисмати филми “Хиёнат” қисмҳои 4 ва 5 ҷанбаҳои хиенаткорӣ ва разолати аъзоёни ТТЭ ҲНИ ифшо карда шудааст, ки воқеан ҳам аз як ҳуҷҷати таърихӣ будани ин филм дар ҷодаи шинохти душманони миллат шаҳодат медиҳад.
Ба мо омўзгорон ва дигар фаъолони ҷомеа зарур аст, ки дар маљрои ҷаҳоншавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем. Бояд моён бар зидди ин ифротгароён мубориза барем ва ба чавонон бештар оиди зиён ва кори зишти гурӯҳҳои манфиатқӯй суҳбатҳо гузаронем. Зеро ҳоло филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳаматарафа исбот намуд, ки наҳзатиён кистанд ва барои кадом хоҷаи хориҷияшон фаъолият мебаранд ва ҷавонон бояд инро дарк кунанд.
Аминҷонова М
омӯзгори ДКМТ