Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар назди муассисаҳои олӣ ва ҳамчунин ҳамаи коргоҳҳои бузург бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият доранд, ки баҳри расонидани ёрии аввал ба шаҳрвандон сафарбар шудаанд. Дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ маркази саломатӣ фаъолият дорад, ки дар он барои расонидани ёрии аввал ба тамоми донишҷӯён шароит фароҳам оварда шудааст. Дирӯз, кормандони шуъбаи иттилоот аз ин бунгоҳ дидан намуда, бо шароити корӣ ошно гардиданд.
Феълан дар маркази саломатии донишкада Комилова Шафоат ҳамчун ҳамшираи шафқат фаъолият мебарад ва ҳатто гоҳо машваратҳои тиббияшон аз машварати табибони соҳавӣ фарқияте надорад. Воқеан ҳам аз беҳтарин ҳамшираҳо ё худ аз парастдорони пешаи синоӣ ҳастанд, ки тасаввур мекунӣ, хуни синӣ дар бадан дорад. Содиқ ба пеша ҳастанду доим ғамхори донишҷӯёну омӯзгорони донишкада. Ҳатто дар замони пандемияи Ковид-19, ки ҳамаро ба таҳдука андохт, Шафоатхон дар паҳлӯи донишҷӯён буданд ва кори хешро содиқона анҷом медоданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки табиби ин марказ дар айни шурӯи бемориҳо корро тарк намуду ин зани боҷасорат дар паҳлӯи донишҷӯён истодагарӣ намуд. Ҳамин аст, садоқат ба пеша ва ҳамин аст, хуни синоӣ доштан барои як корманди соҳаи тиб.
Шуъбаи иттилоот