ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ ТТЭ ҲНИ БОЗ ҲАМ ОШКОРТАР ШУД

Дар бораи тахрибкорӣ ва фаъолияти террористӣ-экстремистии  аъзоёни ТТЭ ҲНИ хеле зиёд маълумотҳо ҳастанд, вале бештар наҳзатиёни фирорӣ ин иддаоро рад мекарданду талош менамуданд, то мардуро бо дурӯғҳои бофтаи худ фиреб диҳанд. Вале нобаҳангом дар  конфронси минтақавии мубориза алайҳи терроризм фактҳое ошкор гардид, ки сад дар сад хатарнок ва террористӣ-экстремистӣ будани ТТЭ ҲНИ-ро исбот менамояд.

Аҳмадзиё Сироҷ  роҳбари Раёсати умумии амнияти милии Афғонистон дар интиҳои конфронси мазкур сухан гуфта, Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро дар баробари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон(ҲИӮ), “Ансоруллоҳ” ва ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ) ном бурда, онро ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ маънидод ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин хатарзо арзёбӣ намуд.

Ин нукта ба Раёсати террористии ТТЭ ҲНИ дар Аврупо хуш наомаду онҳо зуд баёния пахш намуда, изҳор доштанд, ки дар Афғонистон ҷангиёни террорист надоранд. Аммо чуноне, ки медонем дигар ин дурӯғи аъзоёни ТТЭ ҲНИ намегузарад ва миллат ҳам онро бовар нахоҳад кард. Чунки фактҳо аз кишваре садо медиҳанд, ки мардумаш аз дасти ҷангиёни ТТЭ ҲНИ имрӯз, оромияшро аз даст додаасту ранҷ мебарад.

Ҳамон гуна, ки ба ҳамаи мо маълум аст, феълан аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирии хоин ва террорист дар Аврупо қарор доранду мақсади ноором намудани минтақаро мекашиданд, ки аз ин амали пинҳонии онҳо ҷаҳон огоҳӣ пайдо кард.

Маълум гардид, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористии амсоли ДОИШ ва “Ал-қоид”-аву “Толибон” ҳамкорӣ доранду як мақсад, яъне ноором намудани минтақаи Осиёи Марказиро дар сар мепарваранд.

Ҳоло маълум мешавад, ки чаро вожаи исломро аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба ҳизби террористияшон ҳамроҳ кардаанду дар дил чӣ мақсади нопок доранд.

Он чӣ наҳзатиёни террорист ва маккору фиребкор мегӯянд як дасиса ва роҳи гурез аз воқеият мебошаду халос. Зеро дигар барои наҳзатиёни хоин ва Кабирии малъун ҷойи гурез намонд ва ҳоло хоб аз чашми ин террористони ба истилоҳ зирак ва дар асл хатарнок барои насли башар паридааст.

Кабирӣ ва гурӯҳи террористияш  ҳоло талош мекунанд, то дурӯғҳои нав фикр кунанду ҳақиқатро тобиши дигар диҳанд, то халқ аз ин ҳақиқати зиддибашарӣ огоҳии бештар пайдо накунад. Лек дигар дер шудааст ва ҷомеа аллакай пай бурд, ки наҳзатиёни террорист дар сухан дигару дар амал дигаранду дар остин мори заҳрнок мепарваранд, то ҷони насли башаррро бигиранд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ