Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ҳайати роҳбарикунананда ва омӯзгорону кормандон ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи нӯҳмоҳа баргузор гардид. Ҷаласаи ҳисоботиро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти нӯҳмоҳаи донишкада суханронӣ карда, таъкид кард, ки ману Шумо вазифадорем, ки барои ҳар як соати кориямон дар назди виҷдонамон бояд ҳисобот диҳем. Мо, бояд барои фардои насли ҷавон андеша намоем, ҳар қадар тавонем, шогирд тарбия кунем ва мутахассиси сатҳи баланд омода созем. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро дастгирӣ намуданд, бовар кардаанд ва мо бояд сазовори ин боварӣ бошему дар фикри ояндаи соҳа бошем. Қарзи шаҳрвандии мост, ки насли ҷавонро тарбия намоем ба корхонаҳои саноатӣ фиристем. Омӯзгор бояд поквиҷдон ва нисбати фарзанди мардум мисли падар муносибат кунад.
Сипас, муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин оид ба фаъолияти раёсати таълим дар 9 моҳи соли равон ҳисобот дод.
Профессор Насриддинов Замониддин аз натиҷаву дастоварди соҳа, раёсати таълим ёдовар гардида, натиҷаи қабули довталабонро барои имсол нокифоя арзёбӣ намуд.
Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо оид ба фаъолияти моҳаи илм, инноватсия ҳисобот дода, аз фаъолияти нокифояи илмии омӯзгорон изҳори нигаронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи ҳисоботӣ муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон оид ба самти тарбия ҳисобот дод.
Ҳамчунин, дар қисмати дуввуми ҷаласаи ҳисоботӣ деканҳои факултети электромеханика профессор Қозиев Камолуддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули, декани факултети металлургия дотсент Шамсиддинов Шӯҳратҷон, декани факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ дотсент Саидов Мустафохон оид ба фаъолияти кории деканатҳо ҳисобот доданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳисоботӣ мудирони кафедраи геология ва корҳои нафту газ дотсент Мирбобоев Шӯҳратҷон, мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дотсент Юсупов Саидакрамхоҷа, мудири кафедраи таъминоти барқ дотсент Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ дотсент Абдуллоев Икром, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раимҷон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон, мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳин, мудири кафедраи менеҷмент Собирова Шукриниссо, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева Манзура, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ дотсент Холов Зафар низ ҳисобот доданд.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ҳамчунин, сардори раёсати тахлими дотсент Осими Оқил, сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳнозахон, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус дотсент Сулейманова Назокатхон чанд пешниҳоду дархости хешро ироа намуданд.
Директори Донишкадаи Конфусий Валиева Мастурахон низ оид ба фаъолияти донишкадаи мазкур ҳисобот дода, сипас чанд пешниҳоди хешро ироа намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур иҷрокунандаи вазифаи сардори қисми хоҷагидорӣ- маъмурӣ Холиқов М. баромад намуда, ҳалли чанд масъаларо ҷиддӣ ба роҳ андохт.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бори дигар аз насиҳатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки шарафи омӯзгорро бояд паст назанем ва дар назди виҷдон ҳисобот диҳем.
Дар ҷаласаи мазкур ба 4 нафар омӯзгору донишҷӯни ғолиби озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” ифтихорномаву мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.