ФАЪОЛИЯТИ НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ ИМСОЛ БА ҶАҲОНИЁН ОШКОР ШУД

Мебинем, ки ҳоло наҳзатиёни террорист дар асри нав бо шеваи кӯҳнаи саркардагони наҳзатии террорист, яъне фиребу макр ва ҳиллаву найранг дар рӯ ниқоб кашида, мардумро ба гумроҳӣ бурдани мешаванд, аммо бехабар аз он ки соли 2020 барои наҳзатиён дигар соли шикасту беобрӯшавӣ буд. Дар ҳамин сол филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” манзури бинандагон гардонида шуд, ки чӣ будани наҳзатиён, мақсаду мароми душманонаашон, ҳадафҳои нопокашон пурра ошкор карда шуда буд.

Маҳз дар ҳамин сол насли ҷавон ба пуррагӣ аз хоҷаи хориҷии наҳзатиёни террорист, аз лоиҳаи террористӣ будани ТТЭ ҲНИ ба таври комил огаҳӣ ёфт, ки ин барои наҳзатиёни хоину хиёнаткор як зарбаи вазнин буд. Зеро ҷавонон фаҳмиданд, ки наҳзатиёни террористе, ки имрӯз дар Аврупо бо суханони бофтаву сафсатаҳои бемантиқ мардумро гумроҳ кардани мешаванд, идомадиҳандаи фаъолияти душманонаи саркардагони ТТЭ ҲНИ мебошанд.

Маълум шуд, ки наҳзатиёни еврооғил низ ҳамон шаурмахӯрони фирориву хоин ҳастанду барои гумроҳ намудани мардум, фиреб додани миллат, имрӯз бо маблағи хоҷагони хориҷияшон  талош мекунанду мақсаду маромашон мисли солҳои 90-ум ноором намудани ҷомеа мебошад, ки ин хиёнати маҳз мебошад.  Ҳоло дасисабозиву иғвобарангезиҳои наҳзатиёни террористро ҳамагон хуб дарк намудаанд ва хушбахтона имрӯз ҷомеа фаҳмид, ки фаъолияти душманонаи наҳзатиёни хоин барои барҳам задани сулҳу ваҳдат ва мустақилияти тоҷикону тоҷикистониён мебошад.

Албатта, ин амали номардонаву ноодилонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро миллати тоҷик ҳаргиз намебахшад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ