Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар 11 моҳи соли 2019 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини бозори истеъмолии кишвар ва тақвияти содироти маҳсулоти соҳа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар 11 моҳи соли 2019 тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ 4 миллиарду 952,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13,5% ва ё 588,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар маҷмӯъи маҳсулоти саноатӣ 20,1%-ро ташкил дода, ба 34,8%-и маҳсулоти саноати коркарди (14238,4 млн сомонӣ) ҷумҳурӣ баробар мебошад.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ -127,3%, коркарди намаки ошӣ -124,8%, нӯшокиҳои беспирт -120,8%, истеҳсоли гӯшт -121,6%, маҳсулоти шири холис -104,3%, спирти этилӣ -135,2%, оби маъданӣ -101,1%, орд -100,7%, нон ва маҳсулоти нонӣ – 101,2%, хӯроки паранда -2,7 баробар, маҳсулоти ҳасибӣ -113,3%, истеҳсол ва бастабандии равғани растанӣ -116,6%, консерваҳои меваю сабзавот -113,0%, меваи хушк -116,0% ва яхмос – 132,5% ба вуҷуд омадааст.
Дар доираи чорабиниҳо оид ба тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти ивази воридот ва ба содирот нигаронидашуда дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ 55 корхона ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо таъсиси 615 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.Азимтарини онҳо корхонаҳои истеҳсоли равғани растании ҶДММ “Корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”-и ноҳияи Қӯшониён бо иқтидори коркарди 40 ҳазор тонна, истеҳсоли нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ ҶДММ “Авесто Гурӯҳ”-и шаҳри Душанбе бо иқтидори 23,4 миллион литр ва коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар заминаи ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и Спитамен бо иқтидори коркарди 14,0 ҳазор тонна зироатҳои равғанидиҳанда ба ҳисоб тафта, бо ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки ба соҳи саноати хӯрокворӣ дар ин давра барои воридоти таҷҳизоти технологӣ, васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ ва бунёди корхонаҳои нав зиёда аз 101,0 млн сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардидааст, ки ин ба зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ мусоидат намуд.
Дар ин давра бо назардошти бақияи соли гузашта (143,4 млн сомонӣ) ва талаботи бозор фурӯши маҳсулоти саноати хӯрокворӣ маблағи 4 миллиарду 831,5 миллион сомонӣ ва ё 97,6%-и маҷмуъи маҳсулоти саноати хӯроквориро ташкил дода, бақияи маҳсулот дар анбори корхонаҳои соҳа ба ҳолати 01.12.2019 маблағи 264,1 млн сомониро ташкил медиҳад.
Бақияи маҳсулот асосан аз ҳисоби орди гандумӣ – 139,5 млн сомонӣ, нӯшокиҳои беспирт – 18,8 млн сомонӣ, нӯшокиҳои спиртӣ – 16,2 млн сомонӣ, консерваи меваю сабзавот 2,3 млн сомонӣ ташкил медиҳад.
Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар содироти он мунтазам афзоиш ёфта, дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷи кишвар хушкмева – 13546,6 тонна, орди гандуми – 2848,5 тонна, намак -2005,5 тонна, боқимондаи маҳсулоти коркарди ғалла – 900 тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 446,0 тонна, гӯшт -352,4 тонна, маҳсулоти ҳасибӣ – 215,5 тонна, 1 тонна маҳсулоти ширӣ, консерваи меваю сабзавот – 255,7 тонна, обҳои гуногуни нӯшокӣ – 4309,0 тонна, машрубот – 1,7 тонна, сигарет ва папирос 129,3 тонна содирот карда шудаст.Бо мақсади тақвият бахшидан ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти ватанӣ, раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар саноати хӯрокворӣ бо истифода аз хатҳои технологии муосир бо маром идома дошта, азимтарини онҳо, ки дар солҳои 2019 сохта ба истифода дода мешаванд, ин корхонаи коркарди шири ҶДММ “Авицена”-и шаҳри Ҳисор бо иқтидори 30 тонна маҳсулоти ширӣ дар як шабонарӯз ва ҶДММ “Тилло Жело”-и шаҳри Ваҳдат бо иқтидори 2 тонна желатин дар як шабонарӯз мебошанд.